Ронандаро бо мошинаш сел бурд
Ҳодисаи нохуш дар Нуробод
Иқлими Тоҷикистон оҳиста-оҳиста тағйир ёфта, имсол табиат инҷиқиҳои зиёде карда истодааст. Фасли тобистон кайҳо фаро расида бошад ҳам, то ҳол боронҳои сел борида ба мардум талафоти зиёди моливу ҷонӣ мерасонанд. Боз як ронандаро сел бо мошинаш бурдааст.
Ин ҳодисаи нохуш рӯзи 1-июл, тахминан соатҳои 11.30 сар зада, дар деҳаи Сари Пӯлаки ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод сел мошини тамғаи «Опел-Зефира»-и сокини деҳаи Ҷавчиро зери об кардааст.
Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ хабар додааст, бо талошҳои зиёд ду кӯдак, як зан ва як мардро аз мошин берун карданд, вале худи ронандаро сел бурдааст.