Ронандаи «Хундай» дар байни роҳ партов партофтааст
165

Дар асоси навори ирсолнамудаи як нафар шаҳрванд, аз ҷониби кормандони Шуъбаи экологӣ ва сайёҳии милитсияи пойтахт нисбати Гулов Файзалӣ - ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Хундай», рақамҳои қайди давлатиаш 5005CF01, барои вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ тибқи талаботи моддаи 232 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душане, муайян гардидааст, ки номбурда ҳангоми идораи воситаи нақлиёт бар хилофи талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ амал намуда, аз дохили воситаи нақлиёт дар байни роҳ партов партофтааст.

- Риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва ҳифзи тозагии муҳити зист уҳдадории ҳар як шаҳрванд буда, зимни мушоҳидаи чунин қонуншиканиҳо аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки тавассути рақамҳои (+992) 018020202 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД