Норозигии мардум аз дағалӣ ва муносибати бади ронандагон дар нақлиёти ҷамъияӣ нисбат ба мусофирон ба мавзӯи доғи ҷомеаи мо табдил ёфтааст.
Рӯзе нест, ки ин ё он мусофир аз муносибати бади ронанда ё пулчинак дар нақлиёти ҷамъиятӣ шикоят накунад. Инак, боз як ронандаи саркаш барои дағалӣ бо мусофирон ҷазо гирифт.
Дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пахш гардид, ки бисёре аз истифодабарандагони сомонаҳои интернетиро ба по хезонд. Дар навор дида мешавад, ки ронандаи автобус бо яке аз мусофирон хеле дағалона рафтор мекунад.
Сабаби ҷанҷол дар он аст, ки ронанда автобусро тез меронад ва яку якбора манъ мекунад, ки дар натиҷа ду кӯдак ва чанд зан аз пой меафтанд. Мусофирон норозигӣ баён мекунанд ва як мард ба назди ронанда рафта мегӯяд, ки мошинро оҳиста ронеду ҷони мусофиронро дар хатар нагузоред. Ба ҷои он, ки бахшиш пурсад, ронанда ба тарафи мусофирон даст бардошта мегӯяд, ки ҳамаатро ҳозир футбол мекунам.
Истифодабарандагони сомонаҳои интернетӣ аз ин дағалии ронанда ба ғазаб омада, аз мақомоти дахлдор хоҳиҳ карданд, ки нисбати ронандаи дағал ҷора андешанд.
Тавре ки “Душанбе нақлиёт хадамот расон “хабар дод, ба ронандаи худхоҳу дағал ҷазои сазовор дода шуд. Алишер Бобоев, ронандаи автобуси хатсайри №47, ки навори дағалгуфторӣ ва ҳамлааш ба мусофирон субҳи 14-уми сентябр, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гашта буд, барои муносибати бад нисбат ба мусофирон аз кор озод карда шуд. Кирдори Бобоевро дар ҳузури ҳамкоронаш баррасӣ намуда, ӯро дар асоси қисми 17-и моддаи 42-и Кодекси меҳнати Тоҷикистон аз кор озод намудаанд.