Commerc banl
Ронандагон барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ қадар ҷарима месупоранд?
114

Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ аз боло рафтани маблағи ҷарима барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ хабар додааст. Гуфта мешавад, ки дар робита ба боло рафтани нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2025 маблағи ҷарима барои вайрон кардани қоидаҳои гуногуни ҳаракат дар роҳ ба таври назаррас боло рафтааст.

Аз ҷумла, барои дар ҳолати мастӣ идора намудани нақлиёт ронандагон ба ҷойи 22500 сомонии соли 2025 акнун 23400 сомонӣ ҷарима месупоранд.

Барои ташкил кардани пойга ва иштирок дар он ба ҷойи 30000 сомонӣ ронандагон то 31200 сомонӣ ҷаримабандӣ карда мешаванд, ки нисбат ба соли гузашта 1200 сомонӣ бештар мебошад.

Қаблан шахсони бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ сари чанбарак нишаста то 22500 сомонӣ ҷарима месупурданд, вале ин рақам дар соли 2026 боло рафта, то 23400 сомонӣ расидааст.

Маблағи ҷарима барои идора намудани мошин аз ҷониби шахсоне, ки ҳуқуқи ронандагӣ надоранд, имсол ба андозаи 1200 сомонӣ боло рафт. Шахсоне, ки ҳуқуқи ронандагӣ надоранд, вале сари чанбарак нишаста, мошин меронанд, то 31200 сомонӣ ҷарима карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД