sebiston july new
Ронандае, ки ягон қоидаро вайрон накардааст
362

Мирзоумари Мирзоаҳмад, ҳунарманди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, аз як ҳодисаи фараҳбахш хабар дод.

Ҳунарманд гуфт, субҳи имрӯз вақте бо сабукрави ҳамкасбаш, ҳунарпешаи маҳбуб Гавҳар Тоҷибоева сайри Хуҷанд доштанд, шоҳиди воқеаи фараҳбахше шуданд.

"Дар маркази шаҳр корманди БДА, лейтенанти калони милитсия Сангинов Наимҷон, сабрукравро боздошт намуд,а ҳуҷҷати ронандагиро аз назар гузаронида, ронандаро барои собиқаи бисёрсолаашон ва вайрон накардани ҳаракати роҳу нақлиёт аз номи БДА-и вилояти Суғд бо сипоснома ва гулдастаи тару тоза қадршиносӣ намуданд. Сипос барои таваҷҷӯҳ!", - навиштааст ҳунарманд.

Ногуфта намонад ки Гавҳархола ба синни мубораки 83 расиданд ва яке аз аввалин ронандазан дар вилояти Суғд ҳастанд. Он кас дар сари чамбарак аз соли 1968 ва дар саҳнаи театру синамо аз соли 1961 фаъолият доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД