sebiston july new
Ронанда дар садама ҷон доду...
316


Бар асари ба девори ширкати хонасозии "Коррез" бархӯрдани як мошин дар шаҳри Кӯлоб се нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ин садамаи пурқурбонӣ субҳи 8-уми январи соли 2024 дар маҳаллаи Ҳофизи Шерозӣ рух додааст. Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб гуфтааст, мошини таксии тамғаи "Нексия", ки аз самти бозори “Сомонӣ” ҳаракат мекард, ба девори идораи хонасозии "Коррез" бархӯрда, зада, ба дохили бино даромадааст.

Бино ба маълумоти милитсияи Кӯлоб, дар натиҷа ронанда, як мусофири дохили мошин ва ҳамчунин як сохтмончии корхонаи "Коррез" ҷон бохтаанд. Аз онҳо Исмоил Кенҷаев, Наврӯз Исмоилов ва Каромат Абдураҳмонов ном бурдаанд.

Садамаи мазкур дар роҳе рух додааст, ки се маҳаллаи шаҳри Кӯлоб: 1-уми май, Шамсиддин Шоҳин ва Ҳофизи Шерозиро мепайвандад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан рӯзи 6-уми августи соли 2023 дар назди бозоори "Сомониён"-и шаҳри Кӯлоб, воқеъ дар кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳр, садамаи маргбори пурқурбонӣ рух дода буд. Дар натиҷаи он 10 кас ҷон бохта, 11 нафар маҷруҳ шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД