goodwell
Ронанда бо гумони дар ҳолати мастӣ паси чанбари мошин нишастан боздошт шуд
20.08.2026
Oila.tj
73

Кормандони бозрасии милитсияи пойтахт ҳангоми хизматбарии шабона барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ шаҳрванд Сафарова Шабнамро, ки автомашинаи тамғаи «Toyota»-ро идора мекардааст, боздошт намудаанд.

Зимни ташхиси тиббӣ муайян шудааст, ки ронанда дар ҳолати мастӣ қарор доштааст. Ба гуфтаи мақомоти милитсия, чунин ҳолат метавонад ҷони худи ронанда ва дигар иштирокчиёни ҳаракатро зери хатари ҷиддӣ гузорад.

Дар робита ба ин ҳолат нисбати Сафарова тибқи моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, воситаи нақлиёт ба ҷаримагоҳи муваққатӣ интиқол дода шудааст.

Мақомоти милитсия бори дигар аз ронандагон даъват мекунанд, ки ҳеҷ гоҳ пас аз истеъмоли машрубот ё дар ҳолати мастӣ ба рондани воситаи нақлиёт даст назананд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД