Криштиану Роналду, суперситораи “Ал-Наср” аз сармураббӣ Руди Гарсия норозӣ аст ва ӯро дар душвориҳои даста айбдор карда, гуфтааст "нақша ва услуби бозии мураббии тими футбол ба ман маъқул нест".
Ба ин далел, роҳбарияти клуб тасмим гирифт, ки Руди Гарсияро аз кор барканор кунад. Гуфта мешавад, ки мутахассиси фаронсавӣ ба далели натиҷаи бади даста ва ҳамчунин бад шудани муносибат бо футболбозон аз кор рафт.
Бояд зикр кард, ки дастаи “Ал-Наср” дар ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии Арабистони Саудӣ ҷойи дуюмро ишғол мекунад. Роналду ва клубаш аз дастаи “Ал-Иттиҳод” 3 хол қафо мондаанд.