Дар ҳама давру замон ҷомеа ба омӯзгор эҳтиёҷ дорад. Зеро омӯзгор чун шамъи маърифат ба торики равшанӣ мебахшаду таассуб ва ҷаҳлу ноогоҳиро решакан мекунад. Шоҳону амирону вазирону кабирон ва олимону донишмандон маҳз зери роҳбарии муаллим чун шахсияти ба ҷомеа муфид ба камол расидаанд.
Ҳафиза Муҳаммадиева яке аз чунин чеҳраҳои муваффақи соҳа буда, умри пурбаракати хешро баҳри рушди маорифи кишвар бахшидааст. Ин навбат ба хонандагони азизи сомонаи Oila.tj аз рӯзгори пурифтихори омӯзгори муваффақи тоҷик қисса мекунем.
"Ҳар касро муаллим намегуфтанд..."
Ҳафиза Муҳаммадиева 10 -уми октябри соли 1970 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, дар оилаи зиёӣ таваллуд шуда ба камол расидааст. Қаҳрамони мо аз хурдӣ орзу дошт, ки омӯзгор шавад. Ҳар бор, ки ҳамроҳи дугонаҳояш бозӣ мекард, бештар нақши омӯзгорро бозида, ба ҳамсолон дарс медод. Майли омӯзгор шудан дар ӯ пайваста меафзуд ва ниҳоят тавонист орзуи деринаи худро амалӣ созад.
"Омӯзгорӣ воқеан касби пуршараф аст. Дар гузашта ба мансабдорон, раисон ва шахсиятҳои соҳибобрӯву соҳибэҳтиром муаллим гуфта муроҷиат мекарданд. Ин нишонаи нуфузу мақоми баланд доштани омӯзгор буд. Ҳар касро ҳам муаллим намегуфтанд. Ман ҳам аз хурдӣ орзу доштам омӯзгор шуда, чун муаллимони азизам ба мардум илму дониш бахшам. Ҳамин тавр, баъди хатми мактаб таҳсиламро дар риштаи математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров идома додам",- иброз дошт ҳамсӯҳбати мо.
Ҳафиза Муҳаммадиева 35 сол аст, ки дар рушди соҳаи маориф заҳмат мекашад. Шогирдони тарбия намудаи ӯ имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд ва аз омӯзгори худ Ҳафиза Муҳаммадиева ифтихор мекунанд.
Садоқат ба касб
Солҳои аввали истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик як давраи бисёр душвору ҳассос буд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандие, ки миёнаи солҳои навадуми асри гузашта кишварро фаро гирифт, ба тамоми соҳа бахусус маориф, таъсири ҷиддӣ расонд. Мактабҳо хароб гаштанд, китобу лавозимоти дарсӣ намерасид, бисёре аз омӯзгорон маҷбур шуданд бо маоши ночиз ва дар шароити ниҳоят вазнин фаъолият намоянд. Аммо, бо вуҷуди ҳамаи ин мушкилиҳо, онҳо ба касби хеш содиқ монда кор карданд.
"Ман фаъолияти омӯзгориямро аз МТМУ № 20-и шаҳри Истаравшан оғоз кардаам. Вақте, ки солҳои аввал ба кор шурӯъ кардем, маошро сари вақт намегирифтем ё бемаош кор мекардем. Вале аз ин ноумед нашуда, барои саводнокии ҷомеа кӯшиш мекардем. Медонистем, ки агар мо мактабро тарк кунем, миллат аз илму донишу маърифат дур мемонад”- мегӯяд Ҳафиза Муҳаммадиева.
Ин гуфтаҳо касро ба ёди суханҳои машҳури И. В. Сталин меорад. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳон роҳбари давлати Иттиҳоди Шӯравӣ омӯзгоронро ба ҷанг сафарбар накард. Дар ин баробар амр дод, ки онҳоро барои ҳифзу ҳимоя дар хандақҳои зеризаминӣ ҷой кунанд. Вақте атрофиёнаш аз ў сабабашро пурсиданд, чунин посух дод: «Агар мо дар ҷанг пирӯз шавем, барои кушодани ҷаҳон ба онҳо ниёз дорем, вале агар мағлуб шавем, ба онҳо барои сохтани кишвар ниёз дорем».
Ҳафиза Муҳаммадиева мегӯяд, ки ин суханҳоро ҳамеша дар хотир нигоҳ медорад. Ба гуфти ӯ, ҳамин андеша илҳом мебахшад, то дар ҳама ҳолат бо касби пуршарафи худ ифтихор намояд.
Ҷиддиву серталаб вале ғамхору кордӯст
Дар замони тинҷиву оромӣ ва сулҳу суботи кишвар, соҳаи маориф беш аз пеш рушд ёфт. Имрӯзҳо тамоми муассисаҳои кишвар дорои шароити хуби таълимӣ буда, омӯзгорони ҳирфаӣ ҷамъ шудаанд. Ҳафиза Муҳаммадиева аз чунин омӯзгорони фаъол аст. Вай солҳост, ки дар ин баробар дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунад. Ӯ аз соли 2018 то имрӯз ба ҳайси муовини директор оид ба таълим дар Литсейи касбии техникии шаҳри Истаравшан кор мекунад.
Воқеан, имрӯз шароити таълим нисбат ба он солҳои душвори ҷанг куллан дигар аст. Синфхонаҳо нав ва муҷаҳҳазу замонавиянд, ҳамзамон маоши омӯзгорон низ сол то сол зиёд шуда истодааст. Вале Ҳафиза Муҳаммадиева ҳамеша таъкид мекунад, ки арзиши меҳнати омӯзгорро на музд, балки меваи заҳматаш, яъне муваффақияти шогирдаш муайян мекунад.
Ҳафиза Муҳаммадиева омӯзгори серталаб, инсони хоксор ва фидокори соҳаи маориф аст. Ӯ намунаи зани муосир, роҳбари донишманд ва тарбиятгари беғараз мебошад, ки бо меҳнати софдилона ва муҳаббати беандоза ба касб шогирдонро ба илму дониш ва ахлоқи накӯ ҳидоят мекунад.
Заҳматҳои чандинсолаи ин омӯзгори ҳирфаӣ борҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва Шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва касбии миёна, ҳамзамон бо даҳҳо сипосномвву ифтихорномаҳои МИҲД-и шаҳру вилоят қадрдонӣ шудааст. Инчунин бо нишони "Аълочии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва касбии миёна" мукофотонида шудааст.
Абдуғаффор ШОДИЕВ