Commerce bank may-june 2026
Роҳи маҳаллаи Гулистон то кӯчаи Қаҳҳоров навсозӣ мешавад
107

Аз маҳаллаи Гулистон то кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар масофаи 10 километр роҳ навсозӣ шуда, ба пуррагӣ мумфарш карда мешавад.

Тавре сармуҳандиси Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Маҳмуд Назарзода зимни суҳбат ба журналистон гуфтааст, роҳи мазкур ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бозсозӣ хоҳад шуд. Пурра мумфарш гардидани роҳ ба камшавии танбашавии роҳҳои протоколии маркази шаҳри Душанбе мусоидат менамояд.

“Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шомансур ва соҳибкорони бонангу номуси ноҳия мумфаршкунию навсозии роҳи ҷумҳуриявӣ, аз маҳаллаи Гулистон то кӯчаи Абдулаҳад Қаҳоров идома дорад. То имрӯз 6 километр роҳ мумфарш карда шуда, дар 4 километри дигар корҳои навсозию мумфаршкунӣ идома дорад”,- гуфтааст Назарзода зимни суҳбат.

Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур давоми 5 моҳи соли равон роҳҳои ҳудуди ноҳияро дар масоҳати 31 ҳазор метри квадратӣ мумфарш намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД