Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки роҳи баста дар ноҳияи Сангвор боз шудааст.
Тавре қаблан КҲФ хабар дода буд, бо сабаби боронҳои шадиди рӯзҳои 16-18-уми майи соли 2024 дар километрҳои 1, 9, 11, 13, 14, 15, 18, 21, 36, 39, 43, 44, 45, 46 ва 55-и роҳи мошингарди Лаби Ҷар - маркази ноҳияи Сангвор, инчунин дар километрҳои 1, 4, 8 ва 22-и роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ сел омада, дар натиҷа лою лойоба ва сангу рег роҳро баста буд.
Кормандони Вазорати нақлиёт барои рафъи паёмадҳои офати табиӣ корҳои зиёдеро анҷом додаанд ва роҳҳо пурра аз селовардаҳо тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт таъмин гардидааст.