Роҳи кӯчаи Қаҳҳоров шабона баста мешавад
Шурӯъ аз имрӯз, 2-юми ноябр роҳи мошингарди кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови пойтахт шабҳо аз соати 22:00 то 05:00-и субҳ баста шуда, ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиёт дар ин масир манъ хоҳад гашт. Дар ин бора “Душанбе полис” хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки роҳ бо сабаби корҳои сохтмону бозсозии роҳи мазкур шабона баста хоҳад шуд.
Дар робита бо басташавии роҳ аз ронандагон хоҳиш карда шудааст, ки аз роҳҳои ҳамшафати кӯчаи мазкур истифода баранд ва талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузошташударо риоя намоянд.