Arzon march 2024
Роҳгумзада Қисми 2
2151

                                «Апакаду»

Гулсон ба баргаштан баргашт, аммо ҳеҷ таѓйир наёфт, ҳаққу ҳамсоя ӯро чун як зани танбалу чалфас мешинохтанду духтарони деҳа, ки аксарашон умедвор буданд, ки Бобоҷони паҳлавон онҳоро ба занӣ мегирад, дар тӯйҳо бо доираю думбра суруд хонда, ӯро мавриди мазоҳу масхара қарор медоданд. Ҳама медонистанд, ки Шамъигули соҳибҷамол рубоиҳои машҳурро маҳз барои Бобоҷон мехонад:

Боло рафтӣ, сангу сафол овардӣ.

Поён рафтӣ, турфа нигор овардӣ.

Худ гуфта будӣ, ёраки хушкарда гирум,

Апакадура бо чӣ хаёл овардӣ?!

Ё

Мешиштию мегуфтӣ, ки зан мегирум.

Як лоларухи абрӯкаманд мегирум,

Ӯ лоларухи абрӯкамандта дидум,

Хошокои гирди лави занта дидум!

Бобоҷон, ки акнун ҷонишини раиси хоҷагӣ буд, аламро аз шароб мегирифту қариб ба майхорагӣ расида буд. Модару апааш ба хотири ӯ дар тамоми кор ёвари Гулсон буданд, ҳатто Иқболбӣ бо Шамъигул чанд бор ҷанг карда буд, ки янгаи маро мазоҳу масхара карда, суруд нахон, вале ин ҳама Гулсонро таѓйир намедод. Пас аз дусола шудани духтарчааш Роҳиламоҳ ӯ Тоиру Зоир-дугоник зода буду ба қавли Шамъигул дар хасу хошок дигар намудор набуд. Дар ин миён Сафо-полвон оламро падруд гуфту холаи Моҳтоб низ бемор гашта буд. Бобоҷон ба зани ҳамеша бӯину бесарфарояш нафрат дошт, баъзе вақтҳо ӯро ба хонаи волидонаш бурда, моҳҳо суроѓаш намекард.

                               Базми тақдирсоз

Моҳи октябр буду хоҷагии «Ҳосилобод» нақшаи пахтасупориро бо сари баланд иҷро кард, раис ва ҷонишини ҷавонаш барои колхозчиён зиёфат доданд ва чун ҳарвақта Шамъигул бо куртаи атласи парпаргиребону докаи каҷбастаи зебояш ба саҳна баромада, чанд суруд хонд. Бобоҷон аз сурудҳои шӯхи қаламфурдори дар ҳаққи ӯ хондаи духтар хушаш меомад ва аз ҷойи нишасташ гуфт:

-Шаъмигул аз баҷоиҳояш якто шавад! -Духтар интизори ҳамин буд магар, ки бо табассуми зебо ба ҳозирин нигариста, бо овози маҳину зебои ба оҳанги дутор ҷӯраш хонд:

Аз дургӣ нигоҳ кунам лаби равзанта.

Азроил шавам, бигирам ҷони занта.

Худам худата хандаму мардум занта,

Худо бигира кадуи бегарданта…

Мардум механдиданду қарс мезаданд, Бобоҷон низ бо табассуми талх ба Шамъигули зебо менигарист. Худи ҳамон рӯз ҷавонмард пайт ёфта, ба Шамъигул гуфт:

-Гӯш кун, доим маро танқид мекунӣ, агар дар қавлат усутвор бошию ишқат ҳақиқӣ, ман аз Гулсон ҷудо шуда, туро ба занӣ мегирам, лекин ба як шарт, тифлаконамро модарӣ мекунӣ!

-Ман розӣ, лекин метарсам, ки то ту фикр мекунӣ, ки Гулсонат боз яктои дигар мезояд,- гуфт бо ҳасрат Шаъмигул. Ҳарчанд дар солҳои шӯравӣ аз ҳамсар ҷудо шудан барои кормандони ҳизбӣ хеле душвор буд, вале Бобоҷон аз Гулсон ҷудо шуд, зеро зан қадаме барои обод нигоҳ доштани оилааш намекард. Кӯдаконаш ҳамеша сарлучу пойлуч ва гурусна мегаштанд….

                                              Озодӣ

Гулсон баъд аз ҷудоӣ аз шавҳараш боз ба ҷойи кори аввалаш баргашта, дар хобгоҳи корхона ҷой гирифт, фарзандонашро ба Бобоҷон дода, худаш нашъаи озодиро дар комаш эҳсос карда, бо ронандаи таксие ба ишқварзӣ сар кард. Аммо барои Бобоҷон мушкили дигар пеш омад, волидон ва панҷ бародари Шамъигул намехостанд духтари зебояшонро ба марди зандида диҳанд, аммо Шамъигул ҳама хостгоронро рад карда, оқибат ба мақсадаш расид. Модараш пеш аз тӯй гуфт:

-Вақте ки Бобоҷони худобезори “пиёниска” (модари Шамъигул духтари муллои номдоре буду коммунистонро кофир мешумурд) туро саг барин аз дараш меронаду зери наҷосоти саѓираҳои бесоҳиби ӯ безор мешавӣ, худро ба канали назди хонаи ӯ парто, ба хонаи ман барнагард! Шамъигул бо сари хаму чашми нам ба хонаи дилдораш рафт, вале бо гузашти як сол дар зиндагии Бобоҷон таѓироти куллӣ ба амал омад. Шамъигул корро аз тоза намудани атрофи хона оѓоз кард, ӯ ҳамроҳи хоҳаршӯяш ду мошин хасу хошок бароварда, ба берун партофт, хонаҳоро аз нав таъмири замонавӣ кард, кӯдакони Бобоҷон бошанд, ҳамеша тозаю озода ва серу пур буданд, апаашонро бештар аз ҷонашон дӯст медоштанд. Кампири Моҳтоб, ки пешҳо Шамъигулро «артисти чорбозора» мегуфт, имрӯз гиребони шукрона гирифта, пеши худию бегона келинашро таъриф мекард:

-Мани пир аз куҷо донам, ки шер ҳам наъра дораду ҳам сарпанҷа!

Пас аз оиладор шудан Шамъигул дигар дуторро ба даст намегирифт, ҳатто дар базмҳо низ, Бобоҷон бо шӯхӣ мегуфт:- Мақсад аз дуторзаниҳо мани бечора будам, ба банд афтодам, акнун дутор даркор нест!

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД