Салом ба кулли хонандагони сомонаи дардошно. Ман як бародари муҳоҷири шумо.
Чанд сол пештар занеро дӯст медоштам, ки аз шавҳараш ҷудо шуда як фарзанд дошт. Ҳарчанд боре оиладор нашуда будам, вале ҷавонзан маро шефтаи худ карда буд. Ҳатто ба калонии солаш нигоҳ накарда, ба хонаашон хостгор равон кардам, ки падару модараш розӣ шуданд, вале ...
Рӯзе ӯ ба ман гуфт, бачаи аз ман ҷавонтару муносибтаре ёфтааст ва ба ӯ ба шавҳар мебарояд. Бовар накардаму хаёл кардам, ки шӯхӣ мекунад, ё маро месанҷад. Вале, ӯ ба ростӣ ба шавҳар баромад. Ман ҳам дигар сари роҳаш набаромада, дуои некаш кардаму муносибатро аз ӯ канда оиладор шудам.
Аз байн тақрибан ду сол гузашт. Рӯзе дар истгоҳи метрои Москав ӯро ҳамроҳ бо ягона писараш, ки аллакай синфи 4 ё 5 мехонд, вохӯрдам. Маро дидан замон салом дод ва ман ҳам ҷавоби паст гардонда, аз пешашон гузаштам. Ногоҳ номамро гирифта, ҷеғ зад ва кадом қуввае маро баргардонд.
Ӯ ашк мерехту бахшиш мепурсид. Ростӣ аз писараш, ки бо рашк ба ман менигарист, шарм доштам, вале модараш бо садои баланд "Ман туро дӯст медорам. Маро бубахш! Биё, занат мешавам - сеюм ё чорум ҳам агар хоҳӣ", - гуфт.
Истодаму ҳамроҳаш сӯҳбат кардам. Маълум шуд, ки бо шавҳари ҷавонаш зиндагии душворе доштааст. Ӯ зани босаводу бо маърифат буду назар ба қавлаш ҷавон бесаводу ҷанҷоливу ҳақоратчӣ. Нияти ҷудо шуданро дошт.
Дилам сахт мекашад, ки ба занӣ бигирамаш, зеро дилам месӯзад барояш. Аммо, ман дар Тоҷикистон зан дорам.
Чӣ кор кунам? Тавсияи шумо - хонандагони азизро интизорам!
Бародари ғариби шумо