Commerc banl
Роҳ аз самти Хуҷанд ба Душанбе кушода шудааст
12.02.2026
Oila.tj
160

Баъд аз бартарафсозии тармаҳо, ки калонтарини он шаби гузашта дар километри 49-ум фаромада, 20 метр баландӣ ва қариб 100 метр паҳноӣ доштааст, соати 03:53-и имрӯз, 12-уми феврал роҳи Душанбе-Чаноқ кушода шудааст.

Бино ба иттилои ширкати масъули нигоҳубини ин масир - IRS, қатори аввали мошинҳо бо роҳнамоии кормандони ширкат ва масъулини БДА ВКД аз самти Хуҷанд ҷониби шаҳри Душанбе ҳаракат кардаанд.

Гуфта мешавад, ки дар наздиктарин фурсат ҳаракати автомобилҳо ба ҳарду самт имконпазир хоҳад гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД