Arzon march 2024
Рӯнамоии китоби бонуи аввали Эрон дар мавриди занон
423

Ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо зимни як сафараш ба Тоҷикистон дирӯз бо тарбиятгирандагони Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе, омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино вохӯрӣ намуд.

Мавсуф дар намоишгоҳи донишгоҳҳо бо намунаи дастовардҳои илмию таълимии онҳо шинос гардида, ҳамроҳашон ҷамъомад гузаронд.

Дар идомаи ин вохӯриҳо китоби тозанашри нависанда таҳти унвони «Санъати зиндагии занон» рӯнамоӣ шуд. Китоб аз 8 боб иборат буда, мавзуъҳои мавқеи зан дар рушди давлат, зан – зебоӣ, зан — ободӣ ва монанди инҳоро дар бар мегирад. Дар он нақши занон дар ҷомеа ҳамаҷониба таҳлил гаштааст.

Бояд гуфт, ки Ҷамила Содот Аламулҳудо пажуҳишгар, омӯзгор ва нависанда аст. Ӯ доктори илм дар самти маориф ва дотсенти кафедраи педагогика ва равоншиносии Донишгоҳи Теҳрон буда, аз моҳи марти соли 2020 раиси Шӯрои ислоҳот ва навсозии низоми маорифи Эрон аст.

Дар асоси сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ба унвони доктори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сарфароз гардида буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД