Formula novemver 2024
Рӯнамоии китоби 15 зани шуҷои хатлонӣ ва ҷамъбасти озмун
900


Занони хатлонӣ, ки дар пешрафти соҳибкорӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштаанд. Сарнавишти 15 нафар аз чунин занони кордон дар китобе бо унвони “Аввалинҳо: 15 зани шуҷоъ” ҷой дода шудааст, ки дар бораи фаъолияти ин занҳои меҳнатқарин қисса мекунад.

Рӯнамоии китоб мазкур дар як чорабинии бошукӯҳ дар меҳмонхонаи “Ҳилтон”-и шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Ин китоб аз тарафи ЮСАИД дар чаҳорчӯбаи Лоиҳа оид ба Рақобатпазирии Агробизнес дар Тоҷикистон рӯи чоп омадааст.
Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, аз ҷмула, Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва Саноати ҶТ, муовини роҳбари намояндагии сафорати ИМА, рӯзноманигорон ва дигар меҳмонон ширкат доштанд.
Нигина Анварӣ, муовини вазорати кишварзӣ дар суханронии худ ҳозиринро хайрамақдам гуфта, ба Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ барои саҳмгузори дар рушди соҳибкории занон дар деҳот дар самти агробизнес изҳори минатдорӣ намуда, қайд кард, ки рушди иқтисодӣ ва амнияти озуқаворӣ, дар таҳкими иқтисодиёти кишвар, коҳиши камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши калидӣ дорад.
“Фаъолияти ЮСАИД-ро дар самти рушди кишоварзӣ, бахусус занони меҳнаткаш дар деҳот самаранок арзёбӣ менамоем, чунки бахши кишоварзӣ манбаи асосии даромади иқтисодии аҳолии деҳот буда, дар ин самт 51 фоизро ҳиссаи занон ташкил медиҳад”-таъкид кард зимни суханронии худ Нигина Анварӣ.
Тамоюли зиёдшавии хоҷагии деҳқонӣ, ки занҳо сарварӣ мекунанд, рӯ ба инкишоф дошта, дар муқоиса ба соли 2012 , ки камтар аз 6000 буданд, дар соли 2021 ин рақам ба 39 000 расидааст.
Манзура Рустамова, ҷонишини сардори Палатаи Савдо ва Саноати кишвар баргузор шудани чунин як чорабиниро ҷонибдорӣ намуда, қайд кард, ки то ирмӯз тахминан 900 аъзо дорад, ки 30 фисади онро занон ташкил медиҳад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки занон дар ҳама самтҳо, ба хусус дар баланд бардоштани сатҳи иқтисодии кишвар нақши бузург доранд. Палата дар якҷоягӣ бо ЮСАИД як гуруҳи калонеро, ки занҳо низ буданд, барои мубодилаи ҳамкорӣ ба Амрико фиристодааст. Чунин чорабиниҳо барои пешрафати соҳаи агробизнес дар Тоҷикистон саҳми бозсазое мегузоранд.
Хонум Бридҷит Л. Уокер, муовини роҳбари намояндагии сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар суханроониаш роҳандозӣ гардидани Лоиҳаи АКАТ-ро барои дастгирии занони хатлонӣ ва бо зиёда аз 125 ҷои корӣ таъмин шудани онҳо саривақтӣ шуморида, таъкид кард, ки ба зиёда 180 000 нафар натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳо низ барои пешравӣ дар самти агробизнес кӯмак намуда, бо ин роҳ тавонистааст, ки нобаробарии гендериро аз байн бардорад. Хонум аз он изҳори таассуф намуд, ки ҳарчанд занон дар баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ кумак расонанд ҳам, вале то имрӯз баъзе тамғагузориҳо онҳоро барои рушд кардан намегузоранд.
“Бо вуҷуди ҳамаи ин хостем мо хостем занонро ба иқтисоди устувор даъват намоем ва 15 зане, ки имруз дар ин чорабинӣ иштирок доранд, нақши мардонро иҷро мекунанд”, -гуфт Хонум Бридҷит.

Дар охири чорабинӣ озмун дар мавзӯи “Агробизнес дар Тоҷикистон: талош барои рушд” , ки миёни намояндагони Васоити ахбори омма эълон гардида буд, ҷамъбаст гардида, ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД