sebiston july new
Ризвон дар Ҷопон ба ҷавонон дарси забони англисӣ медиҳад
718

 

Ризвон Сулаймонов аз ҷумлаи ҷавонони серталошу серҳаракат ва боғайрати тоҷик мебошад, ки бо шаш забони хориҷӣ-русӣ, англисӣ, арабӣ, олмонӣ, туркӣ ва ҷопонӣ озодона сухан меронад. Айни замон ин ҷавони донишманд ба омӯзиши забони чинӣ машғул аст.

Ризвон дар баробари забондонӣ хатмкардаи зинаи бакалавриат бо ихтисоси менеҷмент ва идоракунии меҳмонхонаҳо дар Кипр буда, ҳоло ҳамчун магистрант дар риштаи сиёсат, ҳуқуқ ва иқтисод дар Ҷопон таҳсил карда истодааст.

Вай ҳанӯз аз давраи мактабхонӣ мехост дар донишгоҳҳои кишварҳои бонуфуз таҳсил карда, ҷаҳонбиниашро васеъ гардонад. Барои ба мақсад расидан ба дарсҳои иловагӣ аз забонҳои англисӣ ва арабӣ мерафт, илова бар ин, дар олимпиадаҳои гуногун аз фанҳои химия, забон ва адабиёти тоҷику рус ва забони англисӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол мекард.

Соли 2017 Ризвон Сулаймонов мактабро бо баҳои аъло хатм карда, ҳуҷҷатҳояшро ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар супурд. Қаблан мехост дар шаҳри Санкт-Петербург таҳсил карда, мисли бобояш шарқшинос шавад, вале пас аз фикру андешаҳои зиёд вай Кипрро интихоб намуд.

Бо вуҷуди зиёд будани дарсҳои ихтисосӣ дар донишгоҳи Кипр Ризвон боз ба омӯзиши забонҳои туркӣ ва олмонӣ пардохта, дар давраи донишҷӯӣ ин ду забонро аз худ кард. Дар баробари таҳсил ҳамзамон барои пеш бурдани зиндагиаш дар меҳмонхонаҳои гуногун ба ҳайси пешхидмат кор мекард.

Ҳамин тавр соли 2022 Ризвон донишгоҳи Кипрро хатм намуда, соҳиби тахассус гашт. Соли 2023 вай ба Ҷопон рафта, ба омӯхтани забони ҷопонӣ камар баст ва барандаи гранти махсуси Вазорати маорифи Ҷопон гардид.

Ҳоло Ризвон Сулаймонов дар факултаи сиёсат, ҳуқуқ ва иқтисод таҳсил карда истодааст ва ҳамзамон ба ҳайси омӯзгори забони англисӣ дар донишгоҳ ба хонандагони ҷопонӣ дарс мегӯяд.

Ризвон дар оянда нақша дорад,ки ба воситаи ташкилотҳои калони хайриявӣ барои ноҳияҳои дурдаст ва мардуми эҳтиёҷманд кумак расонида, бо системаи махсус мактабу донишгоҳ таъсис диҳад, то толибилмон имкон дошта бошанд илму дониш ва соҳаҳои ба дил наздикашонро бисёр хуб ва чуқур омӯзанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД