arzon replenishment
Ризқрасони оила мард аст, на зан
14.09.2024
ЛОЛА
1281

Меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман» сокини ноҳияи Сино, бонуи нозанину ҳунарманд Мамлакат Хидирова мебошанд. Мамлакатбону се писар ва ду келин доранд, соҳиби оилаи намунавӣ ва фарзандони фарзона мебошанд.

Саволи мо ба меҳмонамон чунин аст:

- Тарбияи писар чӣ вижагиҳо дорад?

- Аз назари банда як хусусияти хоси тарбияи писарон дар вуҷуди онҳо тарбия намудани хислатҳои мардонагӣ мебошад, ки бештар хоси падарон аст. Вале модар низ метавонад ин хислатҳоро ба писар фаҳмонад.

Гумон мекунам, дар бораи муқаддас будани оила ва арзишҳои он бояд ҳам писар донаду ҳам духтар, вале ҳастанд нуктаҳои танҳо ба писарон дахлдошта. Масалан, ризқрасони оила будани марди хонадон, новобаста аз он ки зан хонашин аст ё коргар, аз мард зиёдтар пул кор мекунад ё камтар, мард бояд вазифаи аввалиндараҷаи худро назди фарзандонаш иҷро кунад. Идеали фарзандон аз овони хўрдӣ падару модар ҳастанд, барои писарон бештар падар идеал аст, ба ў тақлид мекунанд. Дар хонадоне, ки падар рисолати бар дӯш доштаашро иҷро мекунад, ин худаш як навъи тарбия ба фарзандон аст.

Шукри Худованд, имрўз хушдомани азизи ман болои сарамон зиндаву саломатанд ва мо он чизеро, ки аз он кас омўхтем, дар оиладории хеш, муносибат бо келинҳо истифода мекунем. Мардуми тоҷик фарҳанги бузурги оиладорӣ доранд, ки он аз калонсолҳо ба хурдсолони оила мерос мемонад.

Суҳбати ЛОЛА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД