Шабнами Сурайё, овозхони маъруфи попи тоҷик, le суруди қадимиро бозхонӣ кард.
Таронаи нави бонуи ҳунар аз ду суруди ҷудогона –“Гоҳ – гоҳ масту хуморам бошӣ” ва “Резадандон” иборат буда, он дар ҳавои таронаҳои тӯйна сароида шудааст.
Суруди мазкур 1 рӯз қабл дар саҳифаҳои расмии Шабнам дар интернет нашр шуд ва аллакай соҳиби бинандаву шарҳи зиёд гашт.
Бояд гуфт, ки Шабнам 14 октябри соли 1981 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Модараш Сурайё Қосимова ва хоҳараш Фарзонаи Хуршед аз ҳунармандони шинохтаи кишваранд. Ӯ соли 2004 ба саҳнаи тоҷик баромад, аммо соли 2006 маъруф шуд.
Дар давоми солҳои 2008-2009 дар Аврупо панҷ консерт, аз ҷумла дар Мюнхен, Лондон, Берлин, Дюсселдорф; се консерт дар Канада (Монреал, Ванкувер, Торонто) ва даҳ консерт дар Амрико (Ню-Йорк, Лос-Анҷелес, Сан-Франсиско ва дигар шаҳрҳои калон) баргузор кард. Шабнам соли 2014 дар расми ҷоизасупории "Big Apple Award", ки дар Ню-Йорк баргузор шуд, ба гирифтани унвони "Беҳтарин ҳунарманди форсизабон" сазовор шуд.
ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:
ШАБНАМИ СУРАЙЁ: “ГУШНААЙ... ДАР ПЕШИ МА БИЁР АВҚОТУШ БТЕ БАД МАН МЕРАМ”
Шабнам то имрӯз албомҳои зиёде баровардааст ва бо дигар овозхонҳои маъруф низ суруд хондааст. Дар феҳрасти афроде, ки Шабнам бо онҳо хитҳои муштарак дорад, метавон исми Ҷонибек Муродов, Садриддин Наҷимиддин, Баҳром Ғафурӣ, Сӯҳроби Сафарзод, Парвина Шукруллоева ва дигаронро пайдо кард.
Ин ситора дар Эрон ва Афғонистон низ мухлисон дорад. Ба ин далел, вай таронаҳои овозхонҳои маъруфи афғон ва эрониро иҷро мекунад ва суруди охирин сароидаи ӯ низ афғонист. Овозхон ҳамчунин бо сарояндаҳои маъруфи тоҷики Афғонистон Ҷовид Шариф, Наҷиб Навобӣ, Қайс Улфатӣ ва бо овозхони эронии Амрико Лайло Фуруҳор сурудхонӣ кардааст. Солҳои охир муносибатҳои дӯстонаи ӯ бо санъаткорони Узбекистони низ хеле мустаҳкам шуда истодаанд.
Шабнам тайи солҳои тӯлонии фаъолияташ ҳам шӯҳрат пайдо кард ва ҳам пул. Аммо, бо вуҷуди он ки сароянда ҳама чизро дорад, пайваста дар ҷустуҷӯи чизи нав аст. Шабнам нав эҷод мекунад, таронаҳои нав мехонад, клипҳои нав ба навор мегирад ва ҳар дафъа мухлисонашро ба ҳайрат меорад. Таронаи охирин низ далели ин гуфтаҳост.