Дар рейтинги байналмилалии Webometrics Ranking of Wold Unvorsities аз миёни тамоми донишгоҳҳои олии Тоҷикистон Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон мақоми аввалро соҳиб гаштааст. Дар арсаи ҷаҳон бошад, донишгоҳ мавқеи худро дар муқоиса ба соли гузашта 3734 зина боло бурдааст.
Дар ин бора Қудрат Давлатзода, ректори донишгоҳи Техникии Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯза бо рӯзноманигорон маълумот дод.
Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки дар давоми шаш моҳи охири соли гузашта, раёсати донишгоҳ ду нафар донишҷӯдухтаронеро, ки вазъи иқтисодиашон хуб набуда, аз оилаҳои ниёзманданд, аз супрдани маблағи таҳсил ба пуррагӣ озод намуданд.
Таваҷҷуҳи раёсати донишгоҳ ба раванди таҳсили донишҷӯдухтарон бештар буда, дар ҳама ҳолат онҳо аз имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд.
Дар соли сипаришуда, яке аз рӯйдодҳои муҳими ин донишго ба имзо расонидани Созишномаи ҳамкории академӣ миёни Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Индуси Покистон мебошад.
Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи М.С Осимӣ яке аз донишгоҳҳои бонуфӯзи кишвар маҳсуб ёфта, ҳамасола мутахасиссони ихтироъкору варзидаро омода менамояд, ки барои пешрафти илму техника нашқи муҳим доранд.
Рейтинги Донишгоҳи техникӣ аз
Донишгоҳи миллӣ боло рафт!