Ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон бо ректори
Донишгоҳи Ҳамад ибни Халифаи Қатар вохӯрӣ карданд
Дирӯз, 26-уми ноябр дар шаҳри Давҳа мулоқоти ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ Убайдулло Асрорзода, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав Маҳмадалӣ Қурбонзода ва ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Шукрулло Хайрзода бо ректори Донишгоҳи Ҳамад ибни Халифаи Давлати Қатар Аҳмад Ҳасна баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи илму маорифро баррасӣ намуда, барои таҳкиму рушди робитаҳои дуҷонибаи соҳа изҳори омодагӣ намуданд.
Бо истифода аз имконоти мавҷуда таҳияи барномаҳои муштараки таълимию таҳқиқотӣ, баргузории конфронс ва семинарҳои муштарак, ташкили олимпиадаҳои илмӣ, ҷалби олимони ҷавон ба барномаҳои таҳқиқотӣ, ҳавасмандгардонӣ ва ба роҳ мондани мубодилаи донишҷӯён таъкид гардид.
Дар анҷом зарурати мубодилаи сафарҳои корӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии ҳамкории дарозмуддати илмӣ ва академӣ таъкид карда шуд.