Arzon march 2024
Ректор: ДДОТ аз ҷониби чиниҳо беҳтарин донишгоҳ эътироф шуд
508

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар раддабандии донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин доир шуд, ҷойи аввалро соҳиб гардид.

Дар ин бора имрӯз дар нишасти хабарӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ иттилоъ дод.

Ба таъкиди ректор, чунин баҳогузории Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин вобаста ба таваҷҷуҳе, ки довталабони Чин нисбат ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон доранд, ба инобат гирифта шудааст.

“Имрӯз боиси ифтихор аст, ки дар байни муассисаҳои таҳсилоти ҷумҳурӣ Ҷумҳурии Мардумии Чин дар партави Вазорати маориф ва илмаш ДДОТ-ро барои шаҳрвандони худ дар мадди аввал гузоштааст”,- зикр кард ректор.

Зикр шуд, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолияти байналмилалии густурдаро пеш гирифта, айни замон бо зиёда аз 120 муассисаҳои илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷии дуру наздик шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Ёдовар мешавем, ки бори нахуст аз ҷониби Ассотсиатсияи таҳсилоти олии Чини Созмони Ҳамкории Шанхай ва Маркази хизматрасонии Чин оид ба табодули байналмилалии илмии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин 89 ихтисоси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз аккредитатсияи байналмилалии институтсионӣ гузашт.

Ҳамзамон, соли ҷорӣ Муассисаи “London School of Digital Business” ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро барои саҳми арзанда дар самти илм ва маориф, фидокорӣ, меҳнатдӯстӣ, суботкорӣ ва эътирофи дастовардҳо ба “Ҷоизаи беҳтарин донишгоҳи навовар ва пешрафтаи соли 2023-и Муассисаи Лондон оид ба тиҷорати рақамӣ (LREA 2023)" сазовор донист.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД