Мураббии маъруфи португалӣ Жозе Моуринйо расман сармураббии дастаи “Реал Мадрид” таъин гардидааст. Дар ин бора инсайдери машҳур Фабритсио Романо хабар медиҳад.
Бино ба иттилои ТВ “варзиш” бо истинод ба инсайдер, ҷонибҳо шартномаеро ба имзо расонидаанд, ки то тобистони соли 2028 амал мекунад. Гуфта мешавад, ки ҳамаи ҷузъиёти созиш пурра ҳал шудаанд.
Барои қатъи пеш аз муҳлати шартномаи Моуринйо ба бошгоҳи кунунии ӯ - “Бенфика” дастаи “Реал” 6 миллион евро ҷубронпулӣ пардохт мекунад.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки Моуринйо дар масъалаи трансферҳои бозигарон дар “Реал” ҳаққи овоз ва нақши муҳим хоҳад дошт.
Ёдовар мешавем, ки Жозе Моуринйо солҳои 2010-2013 низ сармураббии “Реал” буд. Дар он давра ӯ ҳамроҳи даста қаҳрамони Испания гардида, инчунин Ҷоми Испания ва Суперҷоми Испанияро ба даст оварда буд.
Бозгашти мутахассиси португалӣ ба “Сантяго Бернабеу” таваҷҷуҳи зиёди мухлисону коршиносони футболро ба худ ҷалб кардааст.