goodwell
Рақси вопасини Майкл Ҷексон
3

16-уми июли соли 1988. Варзишгоҳи “Уэмбли”. Дар ҳузури 65 ҳазор тамошобин Майкл Ҷексон тамоми консертро ба хотири як мухлиси хурдсолаш, ки дар бистари марг буд, боздошт. Рӯйдоде, ки пас аз ин ба вуқуъ пайваст, берун аз доираи тасаввури инсонӣ буд. Модаре кӯдаки нуҳсолаашро дар оғӯш гирифта, фарёд мезад: “Ӯ мемирад... Ягона орзуяш рақсидан бо Шумо буд!”.

Дар як лаҳза тамоми саҳна дар сукути мутлақ ғарқ шуд. Майкл суруди "Billie Jean"-ро иҷро мекард. Дасти бо дастпӯшаки сафед ороёфтааш дар ҳаво муаллақ монд. Садои “бас” ҳанӯз ҳам дар қалби варзишгоҳ танин меандохт, прожекторҳо чашмро хира мекарданд ва садои 65 ҳазор нафар мисли тӯфон дар “Уэмбли” мепечид. Маҳз дар ҳамон лаҳза, аз миёни оҳанг, фарёди ҷонкоҳи зане ба гӯш расид:

- Майкл, хоҳиш мекунам! Духтарам ҷон дода истодааст!

Дар ибтидо муҳофизон ба сӯи девори монеа шитофтанд. Аз паси саҳна садои баланди як нафар аз ҳайати техникӣ шунида шуд:

- Намоишро халалдор накунед, ҷадвал мувофиқи пахши зинда идома дорад!

Аммо модар аллакай ба минтақаи махсуси назди саҳна расида буд. Дар оғӯши ӯ духтарчае буд, ки футболкаи бо акси Майкл ороёфта бар тан ва рӯймоли ранга бар сар дошт. Ангуштони борики кӯдак ба китфони модараш сахт часпида буданд. Номи ӯ Эмма Родригес буд ва ӯ ҳамагӣ нуҳ сол дошт.

Пизишкони Мадрид ба волидони ӯ гуфта буданд: “Ба духтаратон тақрибан ду ҳафта вақт мондааст”. Омос (варам) тӯли ҳашт моҳ буд, ки вуҷуди ӯро мехӯрд. Се рӯз қабл аз консерт Эмма аз паси ниқоби оксиген пичиррос зада гуфта буд:

- Модарҷон... Ман мехоҳам пеш аз он ки ба осмонҳо биравам, бо Майкл бирақсам...

Падараш Карлос тамоми асбобҳои корияшро фурӯхт, қарз гирифт ва ба ҳар шиносу ношинос занг зад. Рӯзи консерт, соати 15:00, яке аз шиносҳояш аз сафорати Испания барои онҳо иҷозатномаи махсус пайдо кард. На дар худи назди саҳна, балки дар ҷое, ки духтарча метавонист қаҳрамони худро аз наздик бубинад.

Тӯли якуним соат Эмма худро ба даст гирифт. Дар варзишгоҳ бӯи бетони намнок, ноқилҳои тафсон, нафаси ҳазорон одам ва бӯи нӯшокиҳои ширин бо ҳам омехта шуда буд. Модар - Мария, пайваста набзи духтарашро месанҷид ва Карлос тасмаи сумкачаи хурди доруҳояшро сахт мефишурд.

Вақте “Billie Jean” оғоз шуд, чеҳраи Эмма аз шодӣ шукуфт. Гӯё дард дар як лаҳза ақиб нишаста буд.

- Ин суруди ман аст,- пичиррос зад ӯ.

Майкл бо камзӯли дурахшон ба саҳна баромад. Тамошобинон аз ҳаяҷон фарёд мезаданд. Ӯ дар рӯи саҳна лағжида ҳаракат мекард, давр мезад ва бо пойҳояш зарбаи оҳангро нигоҳ медошт. Эмма кӯшиш мекард, ки дастонашро бо вуҷуди заъфи зиёд ба ҳукми оҳанг боло бардорад.

Ногаҳон сари кӯдак ба китфи модараш хам шуд. Мария фарёд кашид. Майкл дар миёни ҳаракат шах шуда монд. Садои нағора боз ду бор танид ва овози гитара ларзида қатъ шуд. Касе аз гурӯҳ ишора кард, ки “давом диҳед”, аммо Майкл дасташро боло бардошт. Мусиқӣ оҳиста хомӯш шуд. Ӯ ба канори саҳна омад ва ба миёни нури прожекторҳо чашм дӯхт:

- Хонум... Чӣ гуфтед?

Мария Эммаро баландтар бардошт:

- Ӯ нуҳсола аст. Ӯ мемирад. Ягона орзуяш рақс бо Шумост.

Варзишгоҳро сукути сангине фаро гирифт. Аввал бахшҳои пеш, баъд паҳлуҳо ва сипас қаторҳои болоӣ хомӯш шуданд. Ҳатто садои ғичирроси истаконҳои пластикӣ дар зери пои мардум дигар шунида намешуд. Эмма чашмонашро ба сахтӣ боз карда, бо овозе, ки ба гӯши микрофон расид, гуфт:

- Ман шуморо дӯст медорам, Майкл... Ман мехоҳам бирақсам...

Майкл ба сӯи гурӯҳи худ гашт ва бо ҳаракати тезу қатъӣ дасташро ба зери гулӯяш кашид: “Истед!”. Тамоми “Уэмбли” шунид, ки чӣ гуна мусиқӣ қатъ шуд. Ӯ ба муҳофизон ишора карда, духтарчаро нишон дод. Ду марди сиёҳпӯш ба сӯи он оила равон шуданд. Майкл бошад, дар канори саҳна, дар зери нигоҳи 65 ҳазор нафар, ба он пайкари хурдакаки дар оғӯши модар буда чашм дӯхта, мунтазир монд.

Вақте Эммаро ба саҳна бароварданд, Майкл муҳофизонро ба як сӯ канор зад ва кӯдакро ба оғӯш гирифта, бо ӯ рақсид...

Ин нахустин ва вопасин рақс дар зиндагии ин духтарча буд...

Ҳ. ГУЛЧЕҲРА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД