Меҳрнигори Рустам, овозхони 26-солаи тоҷик мегӯяд, ҳамчун ҳунарманд то имрӯз коре накардааст, ки шаъну шарафи духтари тоҷикро паст зада бошад.
Чанде қабл овозхон дар саҳифаи Инстаграми худ наворе нашр кард, ки дар он ҳамроҳ бо духтарони гурӯҳи рақсии “Step Up” ба таври аврупоӣ мерақсад. Пас аз нашри навор корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ Меҳрнигорро зери тозиёнаи танқид гирифтанд, ки гӯиё бо рақсҳояш шаъну шарафи духтари тоҷикро паст кардааст. “Мардуми мо дӯст медоранд, ки фақат бо либоси миллӣ баромад кунем. Аммо барои ҳунарманди ҷаҳонӣ шудан, санъаткор бояд ҳаматарафа бошад.
Фикр намекунам, ки ҳамчун ҳунарманд дар куҷое номи духтари тоҷикро бад карда бошам ё рафтори баде ҳам накардаам, ки шаъну шарафи духтари тоҷикро паст карда бошад. Ҳунарманд, ки шудӣ, бояд барои шунидани ҳар гуна сухан омода бошӣ”,-мегӯяд Меҳрнигори Рустам дар барномаи “Бе танаффус”-и Радиои нав.
Овозхон илова мекунад, ки дар Тоҷикистон қисми бештари мардум ба ҳунармандону санъаткорон бо чашми бад нигоҳ мекунанд ва нисбати онҳо ҳамеша фикрҳои ноҷоро дар сар мегардонанд.