Formula novemver 2024
РАШТ: ҶАВОНИ 21-СОЛАРО КӢ КОРД ЗАД?
1749


Садои нолаи пургудоз ва ҷигарсӯзи волидони фарзандгумкарда синаи фалакро медарид.

Хешу табор, ҳаққу ҳамсоя, ёру ошно ҳама дар сӯги ин ҷавони ғуррамарг зор-зор гиря мекарданд. Вақте ки ҷисми бе ҷони шаҳбачаи ормониро даруни тобут гузоштанд, кафанаш аз хун тар шуд. Мардҳо бо сари хам тобути ғарқи хунро рӯйи дӯши худ бардошта аз дарвоза берун шуданду ғиреви пайвандони маит то ба фалак печид. Дили санги хоро ҳам он рӯз бо дидани ин манзараи ҳузнангез ба дард меомад, зеро як ҷавони ҳанӯз аз сад гул як гулаш нашкуфта ин дунёи зеборо абадан тарк гуфта, зери хоки сард мерафт. Ҷигарсӯз буд ҷанозаи ин ҷавони шаҳид, зер бо зӯрӣ куштанд ӯро...

Ин ҳодисаи хунин шоми 12-июл, тахминан соатҳои 18.00 сар зада, дар ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимздаи Рашт ба вуқуъ пайваста, байни ду ҷавон, ки яке 20 ва дигарӣ 21 сол дошт, ҷангу ҷанҷол бархост. Дар рафти ин моҷарои тақдирсӯз ҷавони беандешаи 20-сола бо “финка” ба ҳамдеҳаи 21-солааш ҳамла намуда, ба қафаси синааш корд зад. Хун дар як лаҳза фаввора зада шорид ва ҷавон дилашро дошта, мисли дарахте, ки ба танаш табар задаанд, рӯйи замин афтид. Ҷабрдидаро фавран ба бемористон бурданд,аммо наҷот додани ҷонаш ба табибон муяссар нагашта, ҷавон бо дили пурормон дар бемористон ҷон ба ҷонофарин супурд.
Тафтишот аз рӯйи ин қазия идома дорад.

Манбаъ: ВКД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД