Sebiston new 2024 october
Рашки зан Қисми 1
1961


Якбора бедарак гум шудани Насим аҳли хонавода ва дӯстонашро ба таҳлука андохт. Ҳамсараш гирякунон шавҳар мекофт.

Хушдоманаш пурсид, ки охирин бор шавҳаратро кай дида будию чи гуфт? Санам гиряву фиғон бардошта, такрор ба такрор мегуфт, ки шояд Насим ба назди зани дуюмаш рафта бошад.
-Нее, баъди ӯро зада маъюб карданат шавҳарат дигар ба назди он сағераи бечора намерафт,-нобоварона сар ҷунбонд модаршӯяш.
-Ӯ хубу ман ганда- а?! Ҳамона беваи шавҳардузда милисада додан даркор, ки шавҳарамро ёфта диҳад,-дод зад Санам девонавор.

хххххх
Ҳамин тавр Санам ба идораи милитсия рафта ариза навишт, ки шавҳарам зани дуюм дошт ва мумкин ҳамон занаш дар беному нишон гум шудани Насим даст дошта бошад. Рӯзи дигар кормандони милиса Шабнамро даъват намуда, саволу ҷавоб карданд, вале зан бо дили шикаста гуфт, ки як моҳ боз Насимро надидааст, чунки зани якумаш Санам ба хонаи иҷораи вай омада, шӯри қиёмат бардошт.
Шабнам ҳомила буд. Муффатиши зирак зуд пай бурд, ки ин ҷо дар зери коса нимкосае ҳаст, вагарна чаро Санам танҳо номи Шабнамро гирифта, бо чи роҳе набошад, гуноҳро ба сари палонҷаш бор кардан мехоҳад.

хххххх
Санам чунон нолаву фиғон мекашид, ки гумон мекардӣ дилу ҷигараш барои шавҳараш сӯхта обу адо шуда истодааст, вале ҳаракатҳояш ба назар ким-чихел шубҳанок менамуданд. Модари Насим пинҳонӣ ба назди муффатиш омада, зорӣ кард, ки аз паси келинаш шавад, охир одами зинда худ ба худ гум намешавад-ку! Дар гум шудани Насим ҳам сирру асрори ниҳоне ҳаст...
Санам чанд бор аз рашки бемаъниаш девона шуда, ба сари Насим бо тамоми овоз дод зада буд, ки як рӯз не, як рӯз албатта вай қасдашро аз ӯ мегирад, барои ҳамин хушдоманаш аз ӯ гумонбар шуда, фикр мекард, ки дар якбора бедарак шудани писараш келинаш даст дорад...

хххххх
Санам бо Насим 7 сол боз зиндагӣ карда бошад ҳам, онҳо фарзанд надоштанд, бар замми ин, шавҳараш ба ӯ ягон зарра меҳр надошт. Насим аз рӯзи аввал ҳамсарашро ҳеҷ дӯст надошт, ки надошт. Санам духтари ҳамсинфаш буд ва холаи Гулшан ба хотири модари қобилу меҳрубонаш ин духтарро келин кард. Гумон дошт, ки Санам ҳам мисли модараш чаққону оқила аст, аммо хаёлаш хом баромад. Санамро ба писараш келин карду ҳаёташ заҳр гашт. Санам бисёр духтари шаттоҳи ҷангара буд ва қариб ҳар рӯз бо хушдоману хусураш даст ба гиребон мешуд. Насим чанд бор хост аз зани ҷанҷолиаш ҷудо шавад, вале Санам худро бардурӯғ ҳомиладор гирифта, гиряву зорӣ мекард, ки ӯро сиёҳбахт накунад. Холаи Гулшан боз тарафи келини маккорашро гирифта, писарашро зориву тавалло мекард, ки гардани шайтонро шикаста, Санамро талоқ надиҳад.
Ҳамин тавр Санам мисли анкабуд торҳои макру ҳила танида мегашт. Даьфаи аввал тӯҳмат кард, ки гуё ӯро хоҳаршуяш барқасд тела доду кӯдакаш афтид, бори дуюм хушдоманашро тӯҳмат кард, ки кампир аз рашк ба вай ҷоду хӯронда, тифлакашро дар шикамаш куштааст. Насим аз дасти ин зани бадсиришт ба дод омада, барои оромиши худаш Шабнамро ҳамчун зани дувум пинхонӣ никоҳ карда гирифт. Санам ҳис мекард, ки шавҳараш ягон бало дорад. Боре костюми ӯро бӯй карду бӯйи атри занона ба димоғаш раисд. Дар ҳамон нимаи шаб девонавор ба шавҳараш, ки масти хоб буд, дарафтод ва дегро дар сари Насим чапа кард. Насим тарсида бедор шуд ва ӯро зери мушту лагад гирифта, таъкид крад, ки агар ҳамин рашки бадашро напартояд, ӯро талоқ медиҳад.
Санам чунон вонамуд кард, ки аз карда пушайон шудааст ва қасам хӯрд, ки дигар ин корашро такрор намекунад, вале дар дилаш нақша кашид, ки ин корро ҳамту намемонад. Пас аз он ки шавҳарашро хоб бурд, вай телефони Насимро дуздида, онро такору кард ва рақамҳои Шабнамро ёфта, дар теелфони худаш сабт кард.
Субҳ, баъди ба кор рафтани шавҳараш вай ба Шабнам занг зад ва худро ҳамчун хоҳари Насим муаррифӣ кард. Шабнам, ки то ин вақт хоҳари Насимро надида буд, хурсанд шуда, ӯро ба меҳмонӣ даъват намуд....
(Давом дорад)
Шаҳлои Наҷмииддин

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД