Салом! Ман Шукрия, як зани муҳоҷири тоҷик, ки ба хотири пинҳон кардани як роз чандин сол боз дур аз Ватан аст. Ҳамроҳи шавҳарам дар Русия зиндагӣ мекунаму мехоҳам сарнавишти талхамро ба шумо қисса карда, маслиҳат бипурсам.
Фотиҳаи пуровоза
Дар деҳа ба камол расидаам. Орзу доштам, ки баъди хатми мактаб ба донишгоҳи Омӯзгории Тоҷикистон дохил шуда, омӯзгор шавам ва ба кӯдакон дониш омӯзам, вале як рафиқи падарам аз деҳаи ҳамсоя маро ба писараш талабгор шуд. Азбаски дӯстони наздик буданд, падарам хоҳиши ҷӯраашро рад карда натавонист. Ҳамин тавр ҳанӯз мактабро хатм накарда, маро фотиҳа карданд, вале аз байн ду сол гузашту ҷониби домод ягон бор барои пухтани маслиҳати тӯй наомаданд. Ҳамагон хуб медонанд, ки деҳа қонунҳои худро дорад. Тӯй нашудани ман боиси пайдоиши ҳангомаву овозаҳои зиёде гашт. Ҳамсояҳоямон пичир-пичир карда мегуфтанд, ки тарафи домод фотиҳаи Шукрияро кайҳо гардондаанд, чунки бачаашон дигар касро дӯст медоштааст...
Албатта ҳамаи ин гапу калоча ба рӯҳияи ман бе таъсир намонда, зиқ мешудам ва ҳамеша бо сари хам мегаштам. Дар ин миён барои ман аз чанд ҷойи дигар хостгор баромада бошад ҳам, падарам ба хотири вайрон нашудани дӯстиашон “духтари ман аллакай номзад дорад” гуфта, онҳоро ноумед гусел мекарданд...
Тӯйи деринтизор
Дар охир падарам маҷбур шуданд ба дӯсташон занг зада нимшӯхию нимҷиддӣ бигӯянд: “Ҷӯраҷон, косаи сабрам лабрез шуд, агар тӯй карданӣ набошӣ, бе ранҷишу хафагӣ омада чизу чораи овардаатро гирифта бар, ман духтарамро шавҳар медиҳам!”
Бо шунидани ин хабар тарафи қудо саросема шуданд ва ваъда доданд, ки дар байни 10 рӯз санаи тӯйро аниқ мекунанд...
Ҳамин тавр тӯйи деринтизори мо фаро расид ва бо рақсу бозӣ маро ба хонаи бахтам гусел намуданд, аммо....
Духтари сархӯр
Ману шавҳарам ҳамдигарро надида бошем ҳам, зиндагиамон хеле ширин оғоз ёфт. Шавҳарам маро дӯст медошт, падару модараш ҳам “келинҷон” гуфта дар гирдам парвона буданд. Албатта ман ҳам кӯшиш мекарданд, ки аз ҷону дил ба онҳо хизмат намуда, ҳурмату иззати шавҳар ва хусуру хушдоманамро ба ҷо биёрам, аммо ин хушбахтии мо дер напоид.
Аз байн 5-моҳ нагузашта, хоҳаршӯямро шавҳараш талоқ доду бо як фарзанд ба хонаи волидонаш баргашт. Мардуми деҳот хуб медонанд, ки дар деҳа аз шавҳар ҷудо шудани духтар мисли як фоҷаи бузург аст, падаршӯям, ки бисёр марди бо нангу номус буд, ба сиёҳбахт шудани духтараш тоб наоварда, ба сактаи дил гирифтор шуда, аз олам гузашт. Хушдоманам ҳам баъди сари шавҳараш ба бистари беморӣ афтода, ҳамагӣ як моҳ пас бо дили пурормон ҷон ба ҷонофарин супурд...
Заҳри забони хоҳаршӯй
Ҳамин тавр дар хона ману шавҳарам бо хоҳаршӯям ва писарчаи хурдсоли ӯ танҳо мондем. Хоҳаршӯямро ҳамчун апа ва фарзандашро ҳамчун ҷияни худам дӯст медоштам, аммо қайсингилам баҳудаву беҳуда ба ҳар як кори ман эрод гирифта, маро чашми дидан надошт. Ҳамеша кӯшиш мекард, ки ягон гапро ба пойи ман баста, ману шавҳарамро ҷанг андозад. Шавҳарам, ки хислати апаашро нағз медонист, ба гапҳои ӯ аҳамият надода, мегуфт, ки сабур бошам, ҳамааш мегузарад, аммо...
Рашки хоҳаршӯй
Ҳамин тавр аз байн як сол гузашту ҳомила шудам. Ин аввалин хабаре буд, ки пас аз марги хусуру хуштоманаам шавҳарамро хурсанд кард, вале хоҳаршӯям аз ин хабар тамоман хурсанд нашуд. Азаски худаш аз шавҳараш ҷудо шуда, номи бади бевагиро гирифта буд, ба хушбахтии ману шавҳарам рашк мебурд ва аз он ки ман соҳиби бахту ӯ сиёҳбахт аст, дарун ба дарун мисли ҳезуми тар сӯхта, мехост бо кадом рҳе набошад, қасоси бахти сиёҳашро аз ман синтонад. Ман инро аз гапҳои нешдораш пай барам ҳам, ба хотири вайрон нашудани муносибат ва пешгирӣ кардани ҷангу ҷанҷол дар хонаамон ба хоҳаршӯям аҳамият надода, бо сари хам аз паси кору бори худ мешудам, вале...
Аммаи ҷиянкуш
Тифли дар батнам буда 8- моҳа шуд. Як рӯз барои об ба лаби чашма рафтам. Азбаски саҳари рӯз буд, занони зиёде обгирӣ рафта буданд ва навбатам дертар раисд. Вақте ки бо сатилҳои пуроб ба хона омадам, хоҳаршӯям бо қшу қавоқи овезон ба сарам зод зада гуфт:
-Ду сатил обро дар ду соат меоранд?! Бо баҳнаи обба лаби чашма рафта бо дугонаҳоят маро ғайбат карда мешинӣ-а?!
Аламам омад ва гиря карда гуфтам:
-Апаҷон, ин хел нагӯед. Худованд бандаи ғайбатчиро дӯст намедорад....
-Эй, хайр шуд, ёфти вақти насиҳататро! Тез рафта аз болои бом ба гӯсфандон алаф фароварда деҳ,-амр крад хоҳаршӯям.
Албатта бо шиками дамида ба болои бом баромадан кори осон набуд, аз ҳамин хотир узрхоҳона гуфтам:
-Апаҷон, ҳозир Меҳваршоҳ аз кӯча меоянд ва худашн алаф фароварда ба гӯсфандон медиҳанд...
Қайсингилам бо ғазаб аз дастам гирифта маро ба назди нардбон бурд ва бо ситеза дод зад:
-Ин ҷо хонаи очат нест, ки фақат хурда хоб равӣ, фаҳмидӣ! Тез баро!
(Давом дорад)