-Ин кӯдак пеш аз никоҳ пайдо шудааст. Тифли ҳаромиятро гирифта, аз хона гум шав, боз ба сарам ягон касофатӣ наорад. Чандин маротиба суҳбати модарамро бо падарам шунида будам, ки “рафту писарам фарзанддор нашавад, баъд бо хоҳарат дигар хел гап мезанам” мегуфт модарам.
Ба фикрам зуд ҳомиладор шудани Суман рашки модарамро овард. Ниҳоят модарам маро ба ҷону ҳоламон намонд ва мо кӯчу борамонро гирифта, ба хонаи иҷора омадем. Акнун каме нафаси озод мекашидем. Зиндагиам бо Суман чунон ширин мегузашт, ки дигар парвои чизеро надоштам. Ниҳоят, пас аз интизориҳои зиёд писаракам ба дунё омад. Баъди тавлиди писарам модарам бори нахуст ба хонаи мо ба хабаргирии наберааш омад. Худоро шукр мекардам, ки модарам хатояшро фаҳмида, ба хонаи мо омад. Ӯ як-ду рӯз меҳмон шуда, боз ба деҳа баргашт.
Ману Суман гирди писарамон парвона будем. Рӯзҳову моҳҳо мегузаштанду писаркам ҷон намегирифт. Рӯзе ӯро ба беморхона бурдам. Духтурон гуфтанд, ки кӯдакамон носолим аст. Гӯши шунавою ақли солим надорад. Он рӯз бо духтурон ҷанҷол карда, ба хона омадам. Ба фикр фурӯ рафтам, яке аз духтурон ба ман гуфт, ки аз Суман фарзанди солим ба дунё намеояд. Чӣ бояд кард? Суманро аз ҷонам зиёд дӯст медорам. Гарчанде писараш носолим бошад ҳам, Суман чунон писарашро дӯст медошт, ки ба онҳо нигариста, дилаш реш-реш мешуд. Модарам бошад, ин гапро шунида, маро маҷбур мекард, ки аз Суман ҷудо шавам. Аз ӯ ҷудо шудан бароям баробари марг буд.
Оҳ тақдир, моро ба висоли ҳам расондӣ, хурсандиам ҳадду канор надошт, пас чаро ноумедам сохтӣ? Чаро? Барои кадом гуноҳам. Бадтарин ҷазоеро ба ман раво дидӣ? Наход дар тақдири ману Суман фарзанди солим набошад. Аз модарам хоҳиш мекардам, ки маро ба ҳолам гузорад. Агар Суман тамоман фарзанд таваллуд накунад ҳам, аз ӯ ҷудо намешавам. Модарам худат медонӣ гӯён, бо ман қаҳрӣ кард. Писаракам дусола мешуду ягон узви баданаш инкишоф намеёфт. Доим рӯи ҷогаҳ хоб буд. Пас аз як соли дигар Суман писари дуюмашро ба дунё овард. Духтурон гуфтанд, ки дар ӯ ягон нуқсон дида намешавад. Он рӯз хурсандиам ҳадду канор надошт. Беҳтарин туҳфаҳоро ба Суман ҳадя кардам. Аммо хурсандиамон дер давом накард. Рӯзе писарам аз як бемории сабуке вафот кард.
Ману Суман мисли девона шудем. Марги ногаҳонии писарам оҳиста-оҳиста Суманро аз пой афтонд. Сарамро ба сангҳо зада, ӯро табобат мекардам, аммо ҳеҷ ба худ намеомад. Суманро модараш омада, дар хона нигоҳубин мекард. Бечора аммаам аз кори кардааш сахт пушаймон буд. Барои қисмати шӯри духтараш рӯзи дароз гиря мекард.
Рӯзе дар ҷои кор будам. Аммаам занг зад, ки зуд ба хона оям. Аҳволи Суман вазнин шудаасту моро суроғ дорад. Дар як лаҳза ба хона омадам. Дастони аммаам чун барги бед меларзиданд. Суман бошад, чашмони зебояшро нимроғ карда гуфт:-Омадӣ Рустам? Хам шуда, аз рухсораҳояш бӯсидам. Ашки чашмонам беист ҷорӣ мешуд. Ҳамин, ки лабонам аз рухсораҳояш канда шуд, Суман чашмонашро пушида, дигар накушод ва ба хоби абадӣ рафт. Ба ману фарзанди маъюбам раҳм накарда, маро танҳо гузошт. Падару модари Суман мурдаи духтарашонро гирифта, ба деҳа бурданд. Баъди гӯру чӯби Суман модари бераҳмам гуфт, ки тифли маъюбатро бурда, ба ятимхона супор. Нигоҳубини ӯро ҳиҷ кас ба уҳда намегирад. Ин сухани модарам чун теғ ҷигарамро шикоф кард. Нишонаи Суманро ба ҳеҷ кас намедиҳам гуфтам. Тӯли ду моҳ ӯро танҳо нигоҳубин кардам. Бароям мушкил буд вазифаи модарро иҷро кардан.
Дар ҷойи кор як фаррошзан доштем. Дилаш ба ман сӯхту гуфт, ки як хоҳари аз шавҳар ҷудо шудагӣ дорад, барои нигоҳубини писарам ӯро ба кор гирам. Ман розӣ шудам. Лайло аз субҳ то шом писарамро мисли модараш нигоҳубин мекарду бегоҳ ба хонаашон мерафт. Духтари хуб буд. Ба ӯ маблағи хуб медодам, акнун каме нафаси озод мекашидам. Аммо пас аз як сол бо хости Худованд писари маъюбам ҳам аз дунё гузашт. Ман бошам, бо Лайло одат кардаам, аниқтараш ӯро дӯст доштам. Ниҳоят бо маслиҳати ёру дӯстон бо Лайло хонадор шудем. Ҳоло соҳиби як духтару як писари нозанин ҳастам. Аммо гузаштаро ба хотир овардан бароям хеле мушкил аст. То ҳол ҳар шаб Суман ба хобам медарояд.
Таҳияи Суман Рабиева