Падарам як хоҳар дошт, онҳо дар ҳамсоягии мо зиндагӣ мекарданд. Аммаам духтаре дошт, бо номи Суман. Мо ҳар ду дар як мактаб, дар як синф ҳамроҳ мехондем. Ман ки аз хурдӣ як бачаи шӯхи бепарво будам, Суманро дар синф ғам медодам.
Намедонистам, ки дӯстии мо оҳиста-оҳиста ба муҳаббат табдил меёбад. Давраи мактабхонӣ бо Суман аҷаб зебову афсонавӣ мегузашт. Пас аз дарсҳо дар рӯи сабзаҳои навхези баҳорӣ нишаста, суҳбати ширин мекардем. Дар ниҳояти кор, мо якдигарро сахт дӯст доштем. Баъзе шабҳо Суман ба хонаи мо ба меҳмонӣ омада, то поси шаб бо ҳам дарс тайёр мекардему суҳбатҳои ширин доштем. Ба Суман гуфтам, ки туро сахт дӯст медорам ва пас аз хатми мактаб ба хонаатон хостгор мефиристам. Бо боварии комил ваъда медодам, ки туро як умр хушбахт месозам. Чӣ гуна гузаронидани тӯямонро нақша мекашидем. Оҳиста-оҳиста овозаи ишқи ману Суман ба гӯши волидонамон расид. Як шаб модарам маро шинонда гуфт, ки ман ҳаргиз аз хеш келин намегирам, инро ба ҳар ду гӯшҳоят ҳалқа кун. Бо модарам хеле баландравӣ карда, бо қаҳр дарро пӯшида, ба хонаи хобам даромадам. Субҳи барвақт бо авзои парешон ба мактаб рафтам. Суманро медидаму гиря гулӯгирам мекард. “Ба ту чӣ шуд, Рустам? Саломатиат хуб нест, магар?” Суолҳои пай дар пайи Суман маро безобита мекард. Он рӯз пас аз дарс воқеаи дишабаро ба Суман нақл кардам, ки модарам ба издивоҷи мо розӣ нест. Суман низ каме ба фикр фурӯ рафта, “уфф...” гӯён, сарашро ба китфам гузошта гуфт, ки модари ман ҳам розӣ нест. “Аз ягона акаам моро ҷудо накун мегӯяд. Миёни обу оташ мондаам”,- мегуфт Суман. Он рӯз бори нахуст Суманро ба оғӯш гирифта, аз рухсораҳояш бӯсидам. Ашки чашмонаш дона-дона рӯи дастонам мечакид. Тоқати дидани ашки ӯро надоштам. Ба ӯ қавл додам, ки ҳеҷ кас монеи издивоҷи мо шуда наметавонад. “Туро ба ҳеҷ кас намедиҳам” гуфта, ба дӯстдоштаам ваъдаи мардона додам. Аз он рӯз инҷониб модарам ҳамеша маро азоб медод.
Ҳар гоҳ ба аммаам рӯ ба рӯ мезад. “Суманро ба шавҳар деҳ, ман ӯро келин намекунам” мегуфт. Ҳатто “Рустамро ором гузоред” гӯён, ба аммаам таҳдид мекард. Ҳамин таҳдидҳои модарам шояд қаҳри аммаамро овард, ки рӯзе Суман гирякунон гуфт, ки “ин бегоҳ маро фотиҳа мекунанд”. Бо шунидани ин сухан девона шудам. Тасмим гирифтам, ки ман ҳамаи кори аз дастам омадаро мекунам. Он рӯз бо Суман вохӯрда, ҳар ду нақша кашидем. Нақшае, ки тақдири ҳардуямонро пайваст кард. Ману Суман аз хона гурехтем. Як шабро якҷоя дар меҳмонхонаи Душанбе гузарондем. Чора надоштем. Барои аз даст надодани ҳамдигар бо ӯ ҳамхоба шудам ва зиндагиро бо гуноҳ оғоз кардам. Дар деҳа бо ғайб задани ману Суман ҳама безобита шуданд. Аммаам ба хонаи мо омада, бо модарам ҷанҷол кардааст. Мо субҳи барвақт ба деҳа баргаштем. Суман ба хонаашон рафта, воқеаро ба модараш нақл кардааст, ки ғайри Рустам наметавонад бо каси дигар хонадор шавад.
Модари Суман омада, аз падару модарам хоҳиш кард, ки Суманро келин кунанд. “Писарат домони духтарамро доғдор кард. Суман келини туст, дигар илоҷ надорӣ”-гуфт. Волидонам бо ҳамдигар маслиҳат карданду мо тӯй шудем. Ниҳоят ману Суман ба висоли ҳам расидем. Барои ишқамон мубориза бурдем. Аммо гардиши фалак чӣ қисматҳоеро ба сари одамизод меорад, ки бо диданаш дар ҳайрат мемонӣ. Гарчанде модарам бо Суман муносибати хуб надошта бошад ҳам, Суман модарамро мисли модари худаш дӯст медошту ҳурмату эҳтиром мекард. Аз ягон кор саркашӣ намекард. Панҷ панҷааш ҳунар буд. Аммо аз тӯй ҳанӯз як моҳ нагузашта, рӯзе Суман бемор шуд. Ӯро гирифта, ба беморхона бурдам. Духтурон баъди ташхис гуфтанд, ки “шодиёна деҳ, занат ҳомилдор шудааст”. Бо шунидани ин сухан хеле хурсанд шудем. Духтур як-ду дору навишту мо ба хона омадем. Аммо модарам бо шунидани ин хабар хурсанд нашуда гуфт:
Давом дорад