Калимаи «рашк»-ро шунида дарҳол дар зеҳнамон хархашаву низову муноқиша зуҳур менамоянд, вале афроде низ ҳастанд, ки рашкро нишонаи муҳаббат ва дӯстдорӣ меҳисобанд. Сарояндаҳо ба ин масъала чӣ назар доранд. Оё ситораҳо ҳам рашк мекунанд? Биёед, беҳтараш инро аз худашон мепурсем.
Нигина Амонқулова:
Рашк намаки зиндагист, вале...
Кадом мард берашк мешавад? Рашк ҳам нишонаи муҳаббат аст, ҳам нобоварӣ. Нобоварӣ ва рашк ду марҳилае ҳастанд, ҳар инсон дар зиндагӣ пушти сар мекунад. Инҳо марҳилаҳои санҷишанд, ки устувории муҳаббати зану мардро имтиҳон мекунанд. Ин ду чиз набошанд ва якдигарро иваз карда наистанд, зиндагӣ якрангу дилбазан мешавад. Сарояндаҳо, ки ҳамеша дар маркази диққати мардум қарор доранд, бештар аз ин дард азият мекашанд. Рашки беҳуда ва аз андоза зиёд боиси ҷангу ҷанҷоли пайваста гашта, оқибат метавонад ду дилдодаро аз ҳамдигар дилсард гардонад ва боиси хонавайронӣ гардад, бинобар ин, аз ҳад набояд гузашт. Кам-кам рашк кардан хуб аст, зеро зиндагиро лаззати тоза мебахшад.
Нозияи Кароматулло:
Рашки зан аз худхоҳист
Аслан, одам ба касе рашк мекунад, ки нисбаташ таваҷҷуҳ дорад, вале ба фикри ман рашки зан нишонаи муҳаббаташ нисбати мард не, балки баёнгари муҳаббати беинтиҳои бону нисбат ба шахсияти худаш аст. Рашки занро ман як навъ эгоизм мешуморам.
Матлуба Раҳимова:
Рашки зан мардро дилсард месозад
Рашк дараҷаи олии худпарастӣ аст, яъне зан ё мард дилдода ё ҷуфташро моли худ меҳисобад ва намехоҳад каси дигар ба сарваташ бо чашми харидорӣ нигарад. Зани бадрашк ҳамеша бо монеъшавиҳояш барои дилхушии мард ва ҷангу ҷанҷолҳои пайваста рӯйи орзуву ҳавасҳои шавҳараш хати батлон мезанад, танҳо ба он хотир, ки аз гум кардани ин сарват, яъне мардаш метарсад. Мардҳои бадрашке низ ҳастанд, ки занҳояшонро ба ҷойҳои ҷамъиятӣ рафтан намемонанд. Рашк озодии инсонро маҳдуд мекунад. Дар ҳоле, ки азизтарин чиз барои ҳар як одам озодии шахсии ӯст. Маҳбубтарин шахс ҳам озодиатонро маҳдуд созад, албатта аз ӯ дилсард мешавед. Эҳтиёт шавед, занҳои азиз, то рашк оқибат хонавайронатон нагардонад! Фаромӯш накунед, ки шахсияти инсонро бояд эҳтиром намуд!
Тахмина Ниёзова:
Рашк нишонаи нобоварист
Аслан рашк зодаи нобоварӣ ва ноогоҳӣ аз маърифати оиладорист. Рашки беасос боиси моҷарои оилавӣ мешавад, аз ин хотир донистани ҳадду ҳудуд дар марзи рашк ҳатмист. Заноне, ки маърифати баланд доранд, беҳуда рашк намекунанд. Рашки беасос мисли ҳарфи беҷост, ки иморати меҳру муҳаббатро хароб месозад Решакан намудани рашк бешак ба маъфирати одам иртибот дорад. Маърифат ба маънои томаш!
Аз редаксия:
Олими рус Шевелев рашкро ба заҳре монанд карда буд, ки аввал гӯё ишқро қувват мебахшад, вале минбаъд оҳиста-оҳиста муҳаббатро мекушад. Дар асл одамон на аз дӯстдорӣ, балки аз хоҳиши дӯстдошта будан рашк мекунанд. Шахс мехоҳад, ки ҷониби муқобил ӯро дӯст дорад, аммо худаш ба ин шубҳа мекунад. Ин аст заминаи рашк. Ҳамсаратон ба шумо рашк кунад, донед, ки ӯ ба муҳаббати шумо ва сазовор будани худ ба ин муҳаббат шубҳа дорад! Дӯст доштанатонро ҳар лаҳзаю ҳар соат бо гап не, бо кору амалатон нишон диҳед ва нисбаташ ғамхор бошед! Зиндагии обод шуморо ҳамсафар бод!