Ситора чойник дар даст ба хона даромад. Шавҳараш ҳанӯз масти хоб буд, ҷавонзан “рӯзи истироҳат аст, бигзор камтар хоб кунанд” гуфта, сӯи ошхона рафтанӣ шуд, вале ин дам нимғурма гап задани шавҳараш ба гӯшаш расид.
-Азизам, ...ишқи аввалу охири ман ту... бе ту зиндагӣ бароям ҳаром... ази...чӣ, бовар намекунӣ... ту... ту....
Ситора тоқат карда натавониста кӯрпаи болои шавҳарашро сӯе ҳаво дод ва дод зад:
-Хезед мардак, хезад!
Шавҳараш парида хест.
Ҷавонзан дасташро шофкунон боз дод зад:
-Хезед мегӯям! Боз дар оғӯши азизакатон дар намонед?
-Кадом азизакам?
-Ин қадар худро ба нодонӣ назанед!
-Азизакам худи ту-ку!
-Не, ман не!
-Ин қадар аз саҳари солеҳон дод назада, кушоду равшан гап зан! Аввали шаб дуппа-дуруст будӣ-ку!
-Аввали шаб дуруст будам, ҳозир девона шудам!
-Ё тавба, наход кас дар чанд лаҳза девона шавад?
-Ҳозир ана бо ҳамин забончаатон “азизам, ишқи аввалу охири ман ту ҳастӣ, бе ту бароям зиндагӣ ҳаром” гуфтед. Бедор намекардам, намедонам боз чиҳо мегуфтед...
Шавҳари Ситора якбора хандида фиристод.
–Ман месӯзаму шумо масхара мекунед,- ҳунгосзанон инони гиряро сар дод Ситора.
-Ором шав, ҳамаашро мефаҳмонам. Пеш аз оиладоршавиямон мулоқоти мо бештар дар соҳили дарёи Сир мегузашт. Ҳамин тавр?
-Хайр
-Ман бештар ба ту чӣ мегуфтам? Ба ёд оварда метавонӣ?
-Ту ишқи аввалу охири ман ҳастӣ. Бе ту бароям зиндагӣ ҳаром мегуфтед, инро нағз дар хотир дорам. Чаро имрӯз ин суханҳоро ба шахси дигар мегӯед?
-Ман ба ҳеҷ кас нагуфтаам, балки ана ҳамон мулоқотро хоб дидам. Ҳардуямон дар лаби дарё менишастем. Дастамро болои дастат гузошта гапҳои диламро ба забон меовардам, ки доду фиғон бардошта маро бедор кардӣ.
Ситора оҳиста дар бари ҷойгаҳ нишасту дастонашро ба гардани шавҳараш ҳалқа зад ва гуфт:
-Рашк-дия, одама безобита мекунад. Мебахшед азизам, мебахшед!
А. Ҷӯраев
“Шишаи ғелон”