goodwell
Раққосаи хурдакаки тоҷик соҳиби “Гран-при” ва ҷоизаи “Беҳтарини Осиё-2026» гардид
167

Зебинисо Исмоилова, дастпарвари маҳфили «Рақс»-и Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» дар Фестивал-озмуни XII байналмилалии санъати «ZHETI ONER - TASHKENT» сазовори ҷойи якум ва ҷоизаи олӣ - GRAND PRIX гаштааст.

Тавре Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» хабар додааст, Зебинисо Исмоилова ҳамчунин бо унвони фахрии «БЕҲТАРИНИ ОСИЁ-2026» (AZIA ÜZDIGI - 2026) сазовор гашта, бо Ҷоизаи махсус қадрдонӣ карда шудааст.

Зебинисо таҳти роҳбарии омӯзгорони соҳибтаҷрибаи маҳфили «Рақс» Машҳура Ҳакимова ва Хуҷакмар Кабиров ба фестивал омодагӣ дида, ба чунин дастовард ноил гаштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД