Дар Маҷмааи варзишии шаҳри Кӯлоб рӯзҳои 17-18 октябр Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.
Дар рӯзи якуми мусобиқа ҷудокорон дар вазнҳои то 60, 66 ва 73 килограмм барои ба даст овардани мақоми ифтихорӣ қувва озмуданд. Дар рӯзи якуми мусобиқа паҳлавонони шинохтаи тоҷик Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кг, Искандар Маҳмадхоҷазода дар вазни то 66 кг ва Масъуди Аҳмадзод дар вазни то 73 кг бар ҳарифонашон ғолиб омада, соҳиби медалҳои тиллои мусобиқа гаштанд ва ба ҳар кадом 70 ҳазор сомонӣ мукофоткулӣ тақдим карда шуд.
Дар рӯзи дуюми мусобиқа паҳлавони шинохта Абубакр Боқиев дар вазни то 81 кг, Музаммир Каримзода дар вазни то 90 кг, Сомонӣ Кишваров дар вазни то 100 кг ва Парвиз Абдураҳмонов дар вазни +100 кг сазовори медалҳои тиллои мусобиқа ва ҳар кадоме соҳиби 70 ҳазор сомонӣ гаштанд.
Соҳибони медалҳои нуқра ва биринҷии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби 50 ҳазор ва 30 ҳазор сомонӣ гардиданд.