Тими «Истиқлол»-и Тоҷикистон бозии навбатии худро бо тими «Персеполис»-и Эрон мусовӣ анҷом дод.
Бозӣ миёни қаҳрамонҳои футболи Тоҷикистон ва Эрон шоми сешанбеи 7-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид.
Дар нимаи аввали дидор тӯб бештар дар ихтиёри футболбозони “Персеполис” буд. Дар дақиқаи 30-юм ба меҳмонон муяссар шуд, ки муваффақ шаванд. Зарбаи ҷаримавиро аз масофаи тахминан 18 метр бозигари эрониҳо Маҳдӣ Туробӣ зад ва тӯб рост ба тӯри дарвозаи “Истиқлол” ворид шуд.
Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 74-ум, легионери африқоии “Истиқлол” Сенин Себай тӯби ба ӯ ирсолкардаи ҳамдастааш Ҳамадонӣ Камоловро аз ҷаримагоҳ, аз масофаи наздик ба ҳадаф расонд ва ҳисобро баробар кард.
Бозигарони ҳарду даста лаҳзаҳои бисёри голзанӣ доштанд, аммо Алиризо Бейронванд, сарвон ё капитани дастаи “Персеполис” ва Рустам Ятимов, аз тими “Истиқлол”, бо маҳорати баланди худ чандин бор дарвозаашонро аз гол эмин доштанд.
Ҳамин тариқ, “Персеполис” бо раҳбарии сармураббӣ Яҳё Гулмуҳаммадӣ дар меҳмонӣ муқобили “Истиқлол” тавонист, ки як имтиёз бигирад.
Бояд гуфт, ки дар ҳайати “Персеполис” легионер Ваҳдат Ҳанонов, ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон, хуб ҳунарнамоӣ кард.
Дастаи “Истиқлол” бошад, таҳти раҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко ҳарчанд дар нимаи дувуми бозӣ барои ғалаба талош кард, вале аз ду имтиёз бенасиб монд.