sebiston july new
РАНИ МУКҲЕРҶӢ: ТАВАЛЛУДИ ФАРЗАНД МАРО ДИГАР КАРД
2637

 

Даричаи ошноӣ:

Ному насаб: Рани Мукҳерҷӣ.

Сол ва ҷойи таваллуд: 21.03.1978, шаҳри Калкуттаи Ҷумҳурии Ҳиндустон.

Касб: ҳунарпеша.

Ҷоиза: 7 ҷоизаи “Filmfare Awards” дар бахшҳои гуногун.

Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби як фарзанд.

Ҳамсараш: Адитя Чопра, продюсер ва коргардони ҳинд.

Ба соҳаи санъат по ниҳодани Рани ҳодисаи тасодуфӣ нест, зеро ӯ дар оилаи ҳунармандони номии Ҳиндустон ба дунё омадааст. Падараш Рам Мукҳерҷӣ коргардон ва модараш Кришна Мукҳерҷӣ овозхон буданд. Бародараш Раҷ Мукҳерҷӣ ҳоло продюсер аст ва холааш Дебашри Рой низ ҳунарпешаи маъруфи синамои ҳинд аст. Рани бори аввал дар синни 14-солагӣ нақши на он қадар бузургро дар филми “Biyar Phool” бозида буд. Баъди ин бо хоҳиши хонаводааш 5 сол ба омӯзиш машғул шуд ва соли 1997 дар синни 19-солагӣ дубора ба синамо баргашт. 21-уми апрели соли 2014 бо Адитя Чопра оила барпо кард ва соҳиби як духтарча бо номи Адира ҳастанд.

-Дар муқоиса бо солҳои қабл, ҳоло дар филмҳо камтар нақш меофаред. Сабаби камнамо буданатон дар чист? Аз ҳунару ҳунармандӣ дилгир шудаед магар?

-Дилгир на, балки камнамо буданам сабаби дигаре дорад. Вақте духтарчаам Адира ба дунё омад, тамоми ҳастиямро ба тарбияи ӯ бахшидам. Ман ҳунармандам ва ҳар вақт дар дилхоҳ филм нақш офарида метавонам. Вале ман бори аввал модар шуда будам ва Худо медонад, ки боз кай дигарбора модар мешавам. Аз ин рӯ, як муддат танаффус кардам, то барои духтарчаам модари ҳақиқӣ бошам.

-Духтарчаатон чанд сола шуд?

-Адира 9-уми декабри соли 2020 панҷро пур карда, ба шаш қадам ниҳод.

-Гуфта метавонем, ки баъди таваллуди Адира шумо тағйир ёфтед?

-Албатта, баъди таваллуди духтарчаам ман пуртоқаттар ва меҳрубонтар шудам. На танҳо бо Адира, балки бо ҳама. Ӯ ба ман бахшиданро омӯхт ва ҳамаро новобаста аз гуноҳҳояшон бахшидам, ҳарчанд мушкил буду ҳаст. Аз ин дида, тағйироти зиёд мешавад?

-Қисми зиёди ситораҳо баъди оиладор шудан насаби шавҳарҳояшонро мегиранд, вале шумо ҳамоно Мукҳерҷӣ ҳастед. Барои чӣ?

-Ман ният надорам, ки насабамро Чопра кунам. Мукҳерҷӣ будам, ҳастам ва хоҳам монд. Бигзор фарзандам насаби падарашро бигирад.

-Замоне гуфта будед, ки намехоҳед дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои расмии худро дошта бошед. Ҳанӯз ҳам дар ақидаи худ устуворед?

-Албатта, шояд бовар накунед, вале ман то ҳол дар ягон шабакаи иҷтимоӣ саҳифа надорам. Ман дӯст намедорам, ки ҳаёти шахсиямро ба ҳамагон нишон бидиҳам. Агар мухлисонам дар ҳақиқат ҳунари маро дӯст доранд, филмҳоям барои онҳо кифоя аст. Аз ҷониби дигар, шавҳарам низ ин корро дӯст намедорад ва ман бо ӯ комилан мувофиқам. Мақсади ман нақш офаридан дар филмҳост, на намоиш додани хӯрдану пӯшиданам ба мардум.

-Мегӯянд, ки ишқи аввали шумо Амир Хон буд, рост аст?

-Бовар кунед, аз шумо рӯзноманигорон чизеро пинҳон карда намешавад (механдад). Бале, замоне ман ӯро дӯст медоштам. Ӯ марде буд, ки ҳатто дар соати 3-и шаб ҳам занг зада, кӯмак пурсида метавонистам. Шояд амри тақдир буд ё чизи дигар, ки мо якҷоя нашудем, аммо то ҳол муносибати дӯстона дорем.

-Наметарсед, ки шавҳаратон баъди хондани ин сатрҳо бо шумо моҷаро мекунад?

-Агар шумо нисбати шавҳари ман чунин андеша дошта бошед, хато мекунед. Адитя чунин одат надорад. Ӯ як инсоне ҳаст, ки ба гузаштаи ман кор надорад, балки кӯшиш мекунад, то ояндаамро бисозад.

-Нақшаву ниятҳои шумо дар соли 2021 чист?

-Ҳоло, ки Адира бузургтар шудааст, мехоҳам дар соли нав худро бештар ба синамо бахшам ва нақшҳои мондагор биофарам.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД