Arzon march 2024
Ралику Навик ба даъвати мухлисон вокуниш карданд
842

Дар ҳошияи тарки рэп кардани Шон МС, репсарои маъруфи тоҷик, аксарият аз ду ҳамкасби дигари ӯ - Ралик ва Навик ҳам даъват карданд, то тарки пеша карда, ҳоҷӣ шаванд.

Ҳам Ралик ва ҳам Навик МС дар вокуниш ба ин даъватҳо дар ютубканалҳои худ бо нашри наворҳои кӯтоҳ хабар доданд, ки ҳоло тарки рэп кардану ҳаҷ рафтанӣ нестанд.

"Бисёр хуб аст, ки Шон МС тарки ин роҳ карду ба хонаи Худо рафт ва маро ҳам бисёр мепурсанд дар ин бора. Бародарон, шарт нест, ки барои тарки рэп кардан, ҳатман ҳаҷ равам, балки аввал гуноҳкуниро кам мекунаму баъд он ҷойҳои муқаддас меравам",- гуфт Навик МС.

Ҳамчунин, Ралик ҳам дар навори нашркардааш ин таъкидро такрор карда, аз идомаи корҳои эҷодиаш гуфт::

"Мухлисон бисёр гуфта истодаанд, ки бояд рэпро бас карда, ҳаҷ равам, вале ҳоло ман ин ниятро надорам. Ҳоло аз пайи эҷоди рэпҳои нав ҳастам. Вақташ расид, ҳатман ман ҳам меравам", - гуфт Рамазон, мулаққаб ба Ралик.

Ёдовар мешавем, ки як моҳ инҷониб ситораи рэпи тоҷик Шон МС саҳнаро тарк карда, ба ҳаҷи умра рафт ва акнун ба ҷойи МС ҳоҷӣ шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД