Се моҳ пеш писарча таваллуд кардам. Фарзандам гирёнчак нест, нағз мехӯрад, нағз мехобад, вале табиби кӯдакона “рахит дорад” гӯён, тавсия намуд, ки ба кӯдак ҳатман витамини D диҳам. Шунидам будам, ки рахит асосан аз нарасидани нури офтоб пайдо мешавад. Азбаски ҳаво рӯз то рӯз гарм шуда истодааст, дудила шудаам, ки ба писарчаам витамини D диҳам ё надиҳам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?
Гулнора, н. Рӯдакӣ.
Посух
Гулнорабону, шум ягона модаре ҳастед, ки бо ин масъала ба редаксия муроҷиат кардааст. Ҳамарӯза хонумҳои зиёде ба мо занг зада, дар бораи сабабҳои пайдоиши рахит ва роҳҳои пешгирию табобати ин беморӣ пурсон мешаванд, бинобар ин, қарор додем, ки маҳз ҳамин мавзӯро пайгирӣ амоем.
Чаро кӯдак рахит мешавад?
Омилҳои пайдоиши рахит хеле зиёданд. Дар давраи ҳомиладорӣ зан хӯроки серғизо нахӯрад, сарторикӣ-таксикози шадид дошта бошад, меъдаву рӯда ё гурдаҳояш бемор бошанд, тифле, ки ба дунё меорад, метавонад ба рахит гирифтор шавад. Бармаҳал модар шудан (ҳанӯз 17-сола нашуда, таваллуд кардан) ва баръакс, дер таваллуд кардан низ боиси ба рахит гирифтор шудани кӯдак мегардад.
Иддае аз занҳо ба хотири фарбеҳ нашудан дар давраи ҳомиладорӣ низ парҳез мекунанд, ки ин ҳам ба саломатии зан ва ҳам ба саломатии тифли дар батнаш буда зарар дорад. Норасии витаминҳои гурӯҳои В, калсий, фосфор ва сафедаҳо дар организми зани ҳомила боиси он мегардад, ки тифл дар батни модар ба таври зарурӣ ғизо нагирифта, баъди ба дунё омаданаш ба рахит гирифтор мегардад. Фарзандашро бо душворӣ ба дунё овардани зан низ боиси ба рахит гирифтор шудани кӯдак гашта метавонад.
Рахит-душмани кӯдаки зимистона
Вақти таваллуд низ ба саломатии атфол таъсир мерасонад. Тифлаконе, ки дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон ба дунё омадаанд, назар ба кӯдакони баҳорию тобистона бештар ба рахит гирифтор мешаванд. Рахит дар кӯдакони норасид, дугоникҳо ва навзодоне, ки ҳангоми таваллуд вазнашон аз 4 кило бештар аст, зиёд мушоҳида мешавад. Аз ҳад зиёд фарбеҳ шудани кӯдаки то се моҳа, дер-дер макондани тифл, ба навзод додани ширҳои сунъие, ки таркибашон чандон бой нест, бештари вақт дар парпеч будану хеле кам дасту по задани тифл ва тез-тез ба ҳавои тоза набаровардани кӯдак низ метавонад боиси пайдоиши рахит гардад. Ба ғайр аз омилҳое, ки номбар кардем, як қатор бемориҳо аз ҷумла зуд-зуд зуком шудани кӯдак ва иллат доштани дил, ҷигар, гурда ва рӯдаҳои навзод барои пайдоиши рахит роҳ мекушоянд.
Се зинаи рахит
Табибони кӯдакона рахитро ба се намуд ҷудо мекунанд: сабук, миёнаи вазнин ва вазнин. Зинаи якуми рахит маъмулан бидуни нишонаҳои ҷиддӣ мегузарад. Дар зинаи дуюми беморӣ дар устухонҳои кӯдак ва узвҳои даруниаш баъзе тағйиротҳо ба вуҷуд меоянд.Зинаи сеюми беморӣ хатарнок буда, ба системаи асаб, ҳам аз нигоҳи ҷисмонӣ ва ҳам аз назари ақлонӣ ба таври зарурӣ инкишоф наёфтани тифл, вайрон шудани сохти устухонҳо ва каҷшавии сутунмӯҳраю кӯзапушт шудани кӯдак бурда мерасонад.
Нишонаҳои рахит
Маъмулан нишонаҳои аввалини рахит дар се-чормоҳагӣ пайдо шуда, даруни кӯдак тез-тез сахт мешавад, бисёр арақ мекунад ва мӯйи пушти сараш мерезад. Кӯдак дар хобаш як қад парида, инҷиқ ва гирёнчак мешавад. Волидон, агар дар ҳамин давра бепарвоӣ накарда, дарҳол аз паси табобати фарзанди худ шаванд, кӯдак ба зудӣ шифо меёбад, вале аҳамият надиҳанд, зинаи дуюми беморӣ оғоз меёбад.
Сустии рагу пайванди кӯдак ва гарданашро мустақилона бардошта натавонистани тифл аз он гувоҳӣ медиҳад, ки рахит ба зинаи дуюм гузаштааст. Маъмулан тифлакон дар се-чормоҳагӣ ним мегарданд ва дар шаш-ҳаштмоҳагӣ дандон бароварда, заминшинак мешаванд, вале кӯдаконе, ки рахит доранду табобат намегиранд, дар инкишоф қафо монда, ба зудӣ дандон намебароранд ва бе кӯмаки дигарон ба паҳлӯ гаштаву нишаста наметавонанд. Оҳиста-ҳиста тағйирот дар устухонҳо ва қафаси сина сар шуда, пешонӣ калону пушти сари тифл ба қавле “чаппотӣ” мешавад ва бар асари харобкории рахит шикамчааш якбора калону пойҳои тифл каҷ шуда, шакли Х-ро мегиранд. Волидон, махсусан модаронро лозим аст, ки нисбати рахит бепарвоӣ накарда, сари вақт аз паси табобати рахит шаванд. Дар зинаи якуми табобати кӯдаки рахитдошта чандон душвор нест, вале дар зинаи дуюми беморӣ тифл шифо ёбад ҳам, баъзе нишонаҳои рахит аз қабили каме ба пеш баромадани қафаси сина ва пешонии аз ҳад калон ҳамчун як мероси нохуш тамоми умр боқӣ мемонанд.
Пешгирӣ ва табобат
Барои пешгирии беморӣ ба ғизои тифл аҳамияти ҷиддӣ дода, кӯдакро новобаста ба вазъи ҳаво ҳар рӯз ба сайру гашт баровардан лозим аст. Нишонаҳои аввалини рахит аллакай дар фарзанди шумо пайдо шуда бошанд, зуд аз паси табобат шавед. Худсарона ба кӯдак дору додан мумкин нест. Тифлакатонро ҳатман ба назди духтури кӯдакона баред. Табиб бо дарназардошти ҳолати кӯдак ва дараҷаи беморӣ табобат таъин мекунад.
Маъмулан барои бартараф намудани ин иллат ба тифлакон витамини D мефармоянд, вале духтур метавонад доруҳои дигари дар таркибашон чунин витамин доштаро таъин намояд.
Ногуфта намонад, ки маҳси табобатӣ, ҳаммом бо намаки баҳрӣ ва нури офтоб барои кӯдаконе, ки рахит доранд, бисёр муфид мебошад.