Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармонҳои худ раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро иваз намуданд.
Аз ҷумла бо Фармонҳои алоҳидаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қосимӣ Файзулло, Ҷӯразода Ҷамшед ва Исмоилзода Зуфар ба вазифаи муовинони раиси вилояти Суғд таъин гашта, Мирдадо Зариф ва Зоҳидзода Даврон аз вазифаи муовини раиси вилояти Суғд озод карда шуданд.
Бо фармони Сарвари давлат ҳамчунин Тӯхтасунзода Абдусалом - раиси шаҳри Конибодом, Ҳошимзода Раъно - раиси шаҳри Гулистон, Ғаффорзода Нигорахон - раиси шаҳри Бӯстон, Муродзода Муқим - раиси ноҳияи Айнӣ, Акрамзода Баҳодур - раиси ноҳияи Шаҳристон, Исмоилзода Зуфар - раиси ноҳияи Зафаробод аз вазифаҳои худ озод карда шуданд.
Ба ҷойи раисони шаҳру навоҳии барканоршуда бо фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Зоҳидзода Даврон раиси шаҳри Конибодом, Нуруллозода Фирӯза раиси шаҳри Бӯстон, Пӯлотзода Илҳом раиси шаҳри Гулистон, Раҳимзода Рӯзибой раиси ноҳияи Айнӣ, Ғафурзода Рабим раиси ноҳияи Шаҳристон, Муродзода Муқим раиси ноҳияи Зафаробод таъин шуданд.