Пагоҳ, 1-уми июн Рӯзи байналмилалии ҳимояи кӯдакон таҷлил карда мешавад. Дар арафаи ин ҷашни муҳим раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба аёдати кӯдакони маъюб рафта, хотири хурдтараконро бо туҳфаҳои гуногун шод гардониданд.
Зимни вохӯрӣ таъкид шуд, ки Тоҷикистон аз рӯйи нишондиҳандаҳои синнусолӣ яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, бештари сокинони мамлакатро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. Кӯдакон таҳти ғамхории доимии давлату ҳукумат қарор доранд. Тибқи Конститутсия ҳамаи кӯдакони мамлакат ба табобат, таҳсил ва фароғат ҳуқуқи комил доранд.
Роҳбари вилоят кӯдаконро даъват намуд, ки бо истифода аз имконоти фароҳамнамудаи давлату ҳукумат бо баҳои хубу аъло таҳсил намоянд.
Таъкид шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар пайравӣ ба иқдоми инсондӯстонаи Сарвари давлат мунтазам барои дастгирии кӯдакони бемору маъюб ва ниёзманд тадбирҳои зарурӣ андешида, хурдсолонро ба кумаку ғамхорӣ фаро мегирад.
Дар ин бора “Ховар” хабар додааст.