Султон Валиев, вакили собиқи Шӯрои Олӣ, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ ва раиси собиқи ноҳияҳои Ховалингу Восеъ рӯзи 28-уми май дар синни 72-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Дар бораи сабаби марги Валиев чизе гуфта нашудааст.
Султон Валиев 5-уми марти соли 1952 дар ноҳияи Ховалинг ба дунё омада, факултаи физикаи Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ва ихтисоси иқтисодии Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ӯ дар гузашта муаллими мактаб, муаллими кафедраи физикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, директори мактаб-интернат, ҷонишини директори генералии Иттиҳодияи агросаноатии ноҳияи Ховалинг, директори автобазаи рақами 14-и Ховалинг ва директори генералии Иттиҳодияи агросаноатии «Ғалла»-и вилояти Хатлон шуда кор кардааст.
Марҳум солҳои 1995-2000 вакили Шӯрои олии Тоҷикистон ва аз соли 2000 ҳамчун вакил аз ҳавзаи №33-и Қумсангир вакили Маҷлиси намояндагон буд. Ӯ аз парлумон бо фармони президент раиси ноҳияи Ховалинг таъйин шуда, то соли 2006 кор кард.
Баъдан Валиев ҳамчун муовини якуми вазири кишоварзӣ ва раиси ноҳияи Восеъ кор кард. Узви фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон, узви гуруҳи миллии парламентии Иттифоқи парламентҳои Осиё барои сулҳ ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният буд.
Ӯ соҳиби 4 фарзанд аст. Худаш дар як суҳбат гуфтааст, ки писаронаш низ ходими давлатианд. Номбурда бо ордени «Шараф» дараҷаи 1 ва медали «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Бародарзодаи ӯ Қодир Валиев низ дар гузашта раиси ноҳияҳои Ховалинг ва Ҳамадонӣ буд. Ӯ яке аз ҷавонтарин раисони навоҳӣ дар минтақаи Кӯлоб маҳсуб меёбад. Мақоми наваш маълум нест.