Arzon march 2024
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон: Биноҳои Бег Сабур ба зилзила тобоваранд
589


Тайи чанд сол аст, ки дар боби нотамом мондани сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар маҳаллаи Зарнисори пойтахт дар васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу мунозираҳо идома доранд. Биноҳои мазкур дар байни мардум бо номи “Хонаҳои Бег Сабур” машҳур буда, аз 16 блок иборат мебошанд, вале корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо тайи чандин сол боз нотамом боқӣ мемонад.

Аксари шахсоне, ки аз ин биноҳо хона харидаанд, чунон аз интизории тӯлонӣ хаста шудаанд, ки дигар ба умеди сохтмончиён нашуда, имрӯзҳо бо қувваи худ корҳои сохтмониро ба анҷом расонида, он ҷо зиндагӣ мекунанд. Магар ин ба сифати сохтмон таъсири манфӣ намерасонад? Оё хонаҳои Бег Сабур ба зилзила тобоваранд?


Мирзозода Низом Юсуфӣ, Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар посух ба саволҳои хабарнигори сомонаи Оила. ТЧ зимни нашасти хабарӣ гуфт:

“Ягон иншооти сохтмонӣ аз мадди назари Раиси шаҳри Душанбе, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ ва аз мадди назари Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дур намондааст. Дар тамоми иншоотҳое, ки сохта мешаванд, пеш аз ҳама бехатарии мардум бояд таъмин карда шавад. Агар асоси конструктивии бино мустаҳкам бошад, дигар тамоми камбудиҳои ҷойдоштаро, чи дар дохили бино бошад, чи дар намуди зоҳирии он ислоҳ кардан имконпазир аст. Дар масъалаи тобоварии биноҳои Бег Сабур бошад, ҳаминро гуфтаниям, ки дар ин миён чандин зилзилаҳои сахти 6-7 балларо аз сар гузарондем, вале биноҳо то ҳол побарҷоянд. Маълум мешавад, ки биноҳои Бег Сабур ба зилзила тобоваранд...”

Дар идомаи суҳбат Мизозода Низом Юсуф гуфт:

“Мо дар як қисми ин биноҳо санҷиш гузаронидем. Баъзе камбудиҳое ҳастанд, ки онҳоро дар муддати кӯтоҳ ислоҳ кардан имкон надорад, барои ин вақт лозим аст. Мо ҳамарӯза дар алоқа ҳастем ва рафти ислоҳи камбудиҳоро зери назорат мегирем. Албатта бо мурури замон камбудиҳо ислоҳ карда шуда, биноҳои мазкур ба талаботи шаҳрсозӣ мутобиқ гардонида мешаванд..”

Бояд гуфт, ки айни замон танҳо он қисмати биноҳои мазкур, ки аз самти роҳи калон намоён мебошанд, рангубор карда шуда ба қавли маъруф “фасад” зада шудааст, қисматҳои боқимондаи биноҳо ҳанӯз таъмир ва рангу бор карда нашудаанд ва баъзе ошёнаҳо кушодаанд. Дар ҳамин ҳол қисме аз мардум сохтмони хонаҳояшонро бо қувваи худашон ба охир расонида, он ҷо зиндагӣ мекунанд, зеро лифтҳо насб нашуда бошанд ҳам, хатҳои об ва барқ гузаронида шудаанд.

Қобили зикр аст, ки хонаҳои Бег Сабур нисбат ба дигар биноҳои навсохти пойтахт хеле арзонтаранд, аз ҳамин хотир шахсоне, ки имконияти иқтисодиашон чандон зиёд нест, новобаста ба камбудиҳои ҷойдошта аз ин биноҳо хона мехаранд. Сохтмони мазкур дақиқан кай ба охир мерасад, маълум нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД