Асрор-амак солҳои зиёд сари вазифаи раисӣ кор карда, назараш замину замонро намегирифт. Қабристони деҳа дар назди хонаи раис бошад ҳам, боре дар ҳаққи руҳу арвоҳони гузаштааш фотиҳае хонда, омин намекард.
Ба рӯҳу арвоҳи гузаштагон тамоман эҳтиром намегузошту ба ҷанозаву маъракаи худоии касе намерафт. Ҳурмати аз ҳад зиёди ҳамдеҳагонаш ӯро якбора ҳавобаланду назарногир карда буд. Ду писару чор духтари калон дошту ҳамсаре чун худаш мағрур. Аз ҳамсояҳо касе ҷуръати ларзонидани барги бедашонро надоштанд. Аноргул зани раисам гуфта, чунон кару фар дошт, ки дар ҳавои нафасаш нишаста намешуд. Мабодо кори ягон ҳамсоя ба ин хона меафтид, зани раис даҳонашро ба оби таъна чайқонда, каси корафтодаро аз омаданаш пушаймон карда, аз дарвоза берун мекард. Амир, писарбузурги ин оилаи худхоҳ тамоман рафтору кирдори аз волидон фарқкунанда дошт. Хатту саводи динии хуб дошту мардуми гирду гӯшаи маҳалла ба ӯ эътиқод карда, дар тӯю маъракаҳо домулло накофта, Амирро барои никоҳу хатми Қуръон даъват мекарданд. Собир писари дуввуми оила буда, баъди хатми Донишгоҳи тиббӣ ба нею нестони волидон эътибор надода, арӯсаки дар чилаашро гузошту ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанӣ шуд, то ки бо меҳнати ҳалол зиндагиашро пеш барад. Ин азми писар ғазаби падари худхоҳашро овард. Раис ба писараш ваъда дод, ки дар кутоҳтарин фурсат барояш дар маркази шаҳр хонаву мошини пеши бозорро гирифта медиҳад, фақат, ки ба муҳоҷират наравад. Ба муҳоҷират рафтани писари худро раис боиси сархам шуданаш дар назди мардум медонист, вале ягон ваъдаву норизогӣ натавонист Собирро аз нияташ гардонад.
Се гулдухтари гул барин зебои раис дар мактаб муаллима шуда, кор мекарданд. Ҳавлии калону заминҳои кишти васеъаш дар чашми раиси ҳасуд танг менамуд. Фикре ба майнааш роҳ ёфт, ки қабристон аллакай нолозимаву қабрҳо ҳама куҳна шудаанд. «20 сол боз ин ҷо касеро дафн накардаанд, беҳтараш замини қабристонро ҳамвор карда, барои Амир хонаҳои боҳашамат месозем»,- ғурунгид зери лаб Асрор–амак. Ягон нафар аз аҳли оила ризоият надода бошанд ҳам, раис ба фикри касе эътибор надода, дар байни як соат аз гирду атрофи маҳалла трактору булдозер овард. Тракторчиҳо бо дидани қабристон ваҳшатзада шуда, аз раис хоҳиш карданд, ки ин корро карда наметавонанд. Вале раис як бандчаи пулро ба ҷайбашон тиқонду онҳо пулро дида, хомӯшона аз паи кор шуданд.
Баробари ба қабристон расидан трактор аз кор монд. Трактори дигар бошад, ҳамагӣ панҷ метрро ҷуфт кард, ки теғҳои ҷуфтмекардааш ба навбат шикастан гирифтанд. Бо азобҳои зиёд дар байни ду рӯз аз теппаҳои қабр нишоне намонд. Устухонпораҳои аз қаъри замин баромадаро бо фармони Асрор-амак дар лимчаҳо пур карда, дар зери дарахте дуртар аз қабристон таги хок намуданд.
Хоби нохуш
Доду войи пуртаҳлукаи раис дар дили шаб ҳамсарашро қариб талхакаф кард. Дар обу арақ шилта шудани Асрор-амакро дида, Аноргул бо тааҷҷуб пурсид:
-Ҳа, мардак, тинҷӣ, дар шаби хобатон дод гуфта, талхаамро кафондед. Зан саросема як пиёла об ба раис дароз кард. Раис бо чашмони аз косахонаи сараш баромада хоби дидаашро бо дамҳака ба нақл кардан сар кард:
-Занак, хоби даҳшатнок дидам. Хоб дидам, ки тамоми мурдаҳои қабристон зинда шуда, ба сарам ҳуҷум доранду аз ман сабаби вайрон кардани қабристонро мепурсанд. Мурдаҳо бо як овоз дод гуфта, иддао карданд, ки моро бе ҷо кардӣ, акнун дар ҷои танг нороҳат шудем, то зинда буданат туро ба ҳолат намегузорем.
Аноргул шавҳарашро тасаллӣ дода гуфт:
-Сиёҳӣ зер кардааст, мардак, ором шавед, мегузарад. Аз нақли шавҳараш дар дили холаи Аноргул ваҳм ҷо шуда бошад ҳам, сир бой надод. Саҳар раис бо табъи болида мардуми маҳалларо ҳашар даъват карда, ба мардум гуфт, ки заминро ҳамвор карда, масҷиди дуқабата бунёд менамояд. Ҳама аз макри раиси маккор бехабар зуд аз пайи кор шуданд. Асрор-амак тамоми масолеҳи сохтмониро кайҳо захира карда буд. Дар кӯтоҳтарин фурсат мардуми маҳалла гуфтаи раисро иҷро намуда, як кунҷи дигари заминро ба ар-арзор табдил дода, ба ихтиёри раис супориданд. Субҳи дигар, Асрор-амак чорвоеро забҳ карда, се-чор нафар ҳамдеҳаи ба дил наздикашро ҷеғ заду писараш Амирро ба хонаи нав гуселонд.
АРВОҲХОНА
Аз нахустин шаби ба хонаи нав кӯчиданашон ин оилаи ҷавон дучори ҳодисаҳои пурмуаммое шуданд, ки ба дидану шуниданаш бовари кас намеомад. Амир баробари сарашро ба болишт гузоштан яку якбора ба хурроккашӣ даромад, ҳамсараш Нигина бошад, баръакс хоб рафта наметавонист. Ба гӯшаш садои доду вой, шӯру мағал ва сӯхтани чӯби хушк меомад. Ҳарчанд худро ба хоб мезад, вале садоҳои даҳшатбор бештар шуда, дар дили Нигина ваҳмро ҷо карданд.
-Мардак, хезед, метарсам,-гуфта, занаш китфи Амирро такон дод. Амир бо чашмони нимбоз «ҳм» гуфта, рӯяшро гардонида, хоби ширинашро идома дод. Дили ваҳмзеркардаи Нигина ором нагирифту назди тиреза омада, ба берун назар кард. Дар гӯшаи ҳавлияшон, ки он ҷо тамоми устухонҳои мурдаҳоро гӯронида буданд, оташ аланга гирифта, ба осмон мерасид. Дар гирди хона ҷомасафедон ҷамъ шуда, ба ҳар тараф рафтуо доштанд. Бо дидани чунин манзараи ваҳшатнок ҷон аз дасту пои Нигина баромада, бо тамоми овоз «Амир» гуфта, дод зад. Кӯдакон аз садои баланди модар бедор шуданд. Садои пуризтироб оромии шабро халалдор намуда, тамоми аҳли оиларо аз хоб бедор кард. Амир чароғро фурӯзон карда, Нигинаро рӯйи фарши хона бе ҳушу бе ёд дид. Дарҳол чойники чойро аз лаби тиреза гирифта, ба рӯи ҳамсараш чаппа карда, бо як азоб ӯро ба худ овард. Садои даҳшатнок дар гӯши Амир низ садо додан гирифт. Ӯ низ ҷомасафедонро бо ду чашми сараш дида, қариб аз ақл бегона шуд. Бо тарсу ваҳм мижа таҳ накарда, шабро саҳар карданд. Шаби дигар ҳам ин ҳодиса такрор ёфту тамоми аҳли оиларо ваҳмак карда монд. Касе ҷуръати ба хонаи нав рафтанро намекард.
Марги пуразоб
Рӯз аз рӯз Асрор-амак лоғару бемадор шуда, дар байни як моҳ ҳеҷ чиз намехурдагӣ шуд. Нафари раисро медидагӣ гиребони тавба метофт, зеро устухони рӯяш каҷ шуда, скелети мурдаи садсолаи бегӯштеро пеши назар меовард. Ҳар шаб сафедпӯшони зиёд ба хобаш омада, аз гиребонаш мегирифтанд, ки чаро ҷои моро танг кардӣ, то ҳастӣ, думболагират мешавем, дониста бош! Тамоми табибони номдорро оварданд, аммо ба дардаш ягон малҳаму ҳаб даво намебахшид, аз гулӯяш ҳатто об намегузашт. Худ аз худ ҷо-ҷои баданаш чун хонаи мӯрчаҳо сӯрох шудан мегирифт. Духтурон аз зери манаҳаш поёнтар сӯрохичае карда, тавассути лӯлачаи плостикӣ рӯзе як маротиба ба меъдааш оби мурғшӯрбо мерехтанд. Беморияш тӯл кашида, дигар ягон ҷои баданаш обод намонд, баданаш ғирболеро мемонд. Дар ду соли беморияш зану фарзандонаш аз ӯ гурезон шуда, барои парастории падарашон хизматгор кироя карданд. Табиб фармуд, ки ҳар рӯз бояд пораҳои гӯшти кирмзадаи бадани падарашонро гирифта партоянд, вагарна кирм ба майнаи сараш рафта мерасад. Дар давоми ду сол аз раиси чорпаҳлӯ ҷуз пӯсту устухон чизе боқӣ намонд. Баъди бемории тӯлониву пуразоб, билохира раис реҳлат намуд. Баъди маргаш дигар ҷомасафедон дар гирди хона намегаштанд. Ҳама орому осуда гаштанд. Мардум эҳсос карданд, ки ин ҳама подоши кардаҳои худи раис буд.