Солҳои охир номи соҳибкори хайрхоҳи тоҷик Абдураҳим Бобоҷонов, ки бо лақаби Раҳими Ғармӣ машҳур мебошад, ҳамеша вирди забони мардум аст.
Дар бораи амалҳои неки ин марди саховатпеша бисёр мегӯянду менависанд. Инак, Раҳими Ғармӣ боз як кори хайру савобро анҷом дода, якбора ба 20-оилаи камбизоат хона туҳфа кардааст.
Абдураҳим Бобоҷонов ин амали хайрро пеш аз сафараш ба Ҳаҷ ва зиёрати Хонаи Худо анҷом дода, 20 хонаводаи ниёзмандро соҳибиманзил гардонидааст.
Ёдрас мешавем, ки ҳафтаи гузашта Раҳими Ғармӣ ду ҳунарманди машҳури тоҷик-Бахтиёр Раҳимов ва Гулбаҳор Ғаффроваро, ки қариб 30 сол боз ранҷи бехонагӣ мекашиданд, соҳиби манзил гардонида буд.Ин соҳибкори хайрхоҳ амалҳои некашро идома дода, дар арафи Ҳаҷ боз 20 хонаводаи дигарро аз азоби бехонагӣ халос намуд ва ба онҳо хонаҳои нави замонавӣ туҳфа кард.
Худи Абдураҳим Бобоҷонов дар барномаи “Ногуфтаҳо”-и Орзу Исоев тартиби интихоби хонаводаҳоро шарҳ дода гуфтааст, ки сароғоз афроди баҳри кӯмак муроҷиат намударо ба 3 гурӯҳ тақсим карданд: Оилаҳои муҳтоҷ, оилаҳои муҳтоҷтар ва оилаҳои муҳтоҷтарин.
“Кӯшиш кардем, ки ба оилаҳои муҳтоҷтарин дасти ёрӣ дароз кунем”-мегӯяд Раҳими Ғармӣ дар барнома.
Қабл аз сафараш ба ҳаҷ Раҳими Ғармӣ ин 20 оиларо дар тарабхонаи машҳури “CZN Burak” зиёфат дода, дар ҳамин маросим калидҳои хонаҳои навро ба дасташон супурдааст.
Ҳамарӯза дар назди ин тарабхона ниёзмандони зиёде ҷамъ мешаванд, ба умеде, ки шояд ин соҳибкори хайрхоҳ мушкили онҳоро низ осон карда, сӯяшон дасти кӯмак дароз менамояд.
Умедворем, ки дигар соҳибкорони тоҷик низ аз чунин ҷавонмардони саховатпеша ибрат гирифта, ба маъюбон, ятимон, дармондагон ва дигар табақаҳои ниёзманди ҷомеа дасти мадад дароз мекунанд.