Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025, ки аз 4 то 11-уми ноябр дар шаҳри Риёз баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.
Тибқи қуръакашӣ, дастаи мо дар гурӯҳи «B» ҷойгир шуда, бо дастаҳои яккачини Эрон, Марокаш ва Афғонистон рақобат менамояд. Ҳар се дастае, ки Тоҷикистон бо онҳо бозӣ мекунад, иштирокчиёни Ҷоми ҷаҳон-2024 дар Ӯзбекистон буданд.
Иштирок дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ марҳилаи омодагии дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 мебошад, ки аз 27-уми январ то 7-уми феврал дар Индонезия баргузор мешавад.