Formula novemver 2024
Радиову телевизионҳои давлатӣ Наврӯзро ҷашн гирифтанд
443


Имрӯз дар саҳни Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ шабакаҳои телевизионию радиоӣ, ансамблҳои ҳунарӣ ва дигар сохторҳои Кумита ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд.

Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радио, нахуст аз дастархони наврӯзии сохторҳои Кумита, ки бо рукнҳои наврӯзӣ – 7 сину 7 шин, хӯрокҳои миллӣ ва гулдузиву дигар ороишот пероста буданд, дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд дод.

Баъди ин, номбурда аз номи ҳайъати мушовараи Кумита кулли кормандонро ба муносибати ин ҷашни фархунда таҳният гуфта, қайд кард, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии куҳанбунёд ба ҳисоб рафта, новобаста аз миллат, забон ва мазҳаб дар тамоми дунё ҷашн гирифта мешавад. Он оғози рӯзи нав, эҳёгари ойинҳои қадимӣ, ғалабаи равшанӣ бар зулмот, дӯстию рафоқат ва якдилию ҳамбастагист.

Сипас ба як қатор кормандони фаъоли сохторҳои Кумита унвони “Аълочии телевизион ва радио” тақдим карда шуд.

Дар идомаи чорабиниӣ ҳунармандони ансамблҳои давлатии сохтори Кумита ва дигар сарояндагони маҳбуб бо суруду таронаҳои худ ба базм шукуҳи идона бахшиданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД