Раиси вилояти Суғд 16-уми декабр, як рӯз пас аз куштори аъзои ду хонавода ба шаҳри Конибодом рафта, бо фаъолони ин шаҳр вохӯрдааст.
Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд дар хабарномае навиштааст, ки "давоми чанд рӯзи охир дар шаҳри Конибодом якчанд ҳодисаи куштори бераҳмона ба қайд гирифта шуд, ки ҷомеаи шаҳрвандиро ба ташвиш андохтааст".
Ба иттилои манбаъ, барои пайдо кардани омилони ин кушторҳо "беҳтарин муфаттишону коршиносон аз тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот сарҷамъ омада", барои "дар муҳлатҳои кутоҳтарин пайдо намудани ҷинояткорон" талош доранд.
Раҷаббой Аҳмадзода гуфтааст, ки раванди тафтишот зери назорати "роҳбарияти давлат қарор дошта", шаҳрвандон набояд ба таҳлука афтанд. Аҳмадзода аз сокинони Конибодом дархост кардааст, ки бо мақомоти қудратӣ ҳамкорӣ кунанд.
Дар иттилоияи расмӣ омадааст, ки дар Конибодом ситод ва навбатдорони ихтиёрӣ ташкил шуда, дар кӯчаҳо камераҳои назоратӣ гузошта мешавад.