Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо лоиҳаи бунёди пули нав, ки байни микроноҳияи 12-ум ва маҳаллаи Раззоқ сохта мешавад, шинос шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни муаррифии лоиҳа ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шудааст, ки бо назардошти сол ба сол зиёд гардидани шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ ва шахсӣ зарурати сохтмони пули нав ба миён омадааст.
Лоиҳаи пули мазкур аз ҷониби ҶДММ «Роҳи Ваҳдат» таҳия гардида, пул аз маҳаллаи 12-ум то маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд бунёд шуда, дарозии умумии он 310 метр ва паҳноияш 26 метрро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки дар ду канори пул барои пиёдагардон роҳравҳои махсус пешбинӣ гардида, тамоми талабот ва меъёрҳои сохтмониву меъморӣ пурра риоя хоҳанд шуд. Бо ин мақсад бунёди 11 сутунпоя дар назар дошта шуда, ҳамзамон аз ду тарафи пул сохтмони роҳҳои ҳалқавӣ барои пайвастан ба он ба нақша гирифта шудааст.