goodwell
Путин пас аз сафари Чин ба Душанбе меояд
17.11.2026
Оила
55

Путин пас аз сафари Чин ба Душанбе меояд

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, рӯзҳои 19 ва 20-уми ноябр бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд. Қарор аст, ӯ дар шаҳри Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, мулоқот кунад.

Ба иттилои мақомоти Русия, сафари Путин бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.

Интизор меравад, ки дар мулоқоти сарони ду кишвар масъалаҳои рушди минбаъдаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия, инчунин мавзуъҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шаванд.

Путин қабл аз сафари Тоҷикистон ба Чин меравад. Ӯ рӯзҳои 18 ва 19-уми ноябр дар нишасти Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнусия ва нахустин музокироти сеҷонибаи раҳбарони Русия, Чин ва ИМА иштирок мекунад. Пас аз анҷоми ин сафар ӯ ба Душанбе меояд.

Бори охир Владимир Путин моҳи октябри соли 2025 ба Тоҷикистон сафар карда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД